(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳр бо Сафири Ҷумҳурии БелорусДар доираи баргузории Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2016» иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хучанд Шарифзхода Шариф Файз бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов ва ҳайати намояндагии соҳибкорону роҳбарони ташкилоту муассисаҳои кишвари Белорусро ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Шарифзода Шариф Файз меҳмононро хайрамақдам гуфта, бо вазъи имрӯзаи ҳаёти шаҳрдорӣ ва имкониятҳои иқтисодии шаҳр ошно намуд.
Зикр гардид, ки баъди ба имзо расидани созишномаи ҳамкории бародаршаҳрии Хуҷанду Могилев робитаи гуногунсоҳаи ин шаҳрҳои саноатӣ ба сатҳу сифати нав бароварда шуд.
То имрӯз ҳамкории Коргоҳи «Могилевлифтмаш», «Могилевдрев» ва Муассисаи сабзкории ин шаҳр бо шарикони тоҷикистонии худ шаҳодати гуфтаҳои болост.
Дар навбати худ Сафир Олег Иванов таъкид намуд, ки мардуми шаҳри Могилев ва меҳмонони ин шаҳр аз фаъолити чойхонаи миллӣ, ки соли сипаригашта ифтитоҳ гардид, қаноатманд буда, онро як муаррифии фарҳангу маърифати тоҷикон дар кишвари худ медонанд.
Дар ин замина аз ҷониби сафири ин кишвар мавриди боз ҳам бештар намудани самтҳои ҳамкории тиҷоратӣ изҳори андеша гардид.
Роҳбари корхонаи муштараки «САТН» Илҳом Бобоев омодагии худро барои харидорӣ намудани нахи сунъӣ барои истеҳсоли маҳсулоти худ аз Ҷумҳурии Белорус баён намуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таҳкими ҳамкориҳоли тиҷоратӣ ва омузиши бозори содироти ҳамдигар боз кооро дар ин самт ҷоннок намуда, барои дарёфти шарикони ҳамкорӣ дар соҳаи содироту воридоти маҳсулоти мевагии хушк ва нимтайёр, қаннодӣ, нақлиёти мусофиркашон ва партовбарорӣ, чархҳои нақлиёт, ташкили корхонаҳои муштараки саонатӣ, роҳсозӣ, таъмиру истеҳсоли лифт ва ғайра чораҳои мушаххас меандешанд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар анҷоми мулоқот ба ҳайати меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.