(1 голос, среднее 4.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

«Зиндаёд Қаҳҳор Махкамов дар тӯли умри худ дар куҷое, ки кор накард, донишу таҷрибаи худро танҳо барои рушду тараққиёти Тоҷикистон бахшид. Ӯ чун шаҳрванди оддӣ, мутахассиси варзида ва роҳбари ғамхор дар хотири халқ абадан боқӣ хоҳад монд».

Эмомалӣ Раҳмон

Мусоҳибаи охиринҚаҳҳор Махкамов: ман аз Хуҷандӣ буданам ифтихор дорам.
Ин сӯҳбати камина бо ходими давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадори варзида, нахустпрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсони асил ва соҳибдил Қаҳҳор Махкамов соли гузашта имшабу рӯзҳо бо сабаби иншои китоб бахшида ба 90-солагии ходими давлатию ҳизбӣ Рифъат Ҳоҷиев баргузор шуда буд.
Мавсуф  Рифъат Ҳоҷиевро устоди хеш дар фаъолияти роҳбариаш дониста баробари нақли аҷиб аз рӯзҳои ҳамкориашонлаҳзаҳои дигари зиндагиаш, хусусан қадамҳои аввалин дар ҷодаи кори роҳбарӣ ба ҳайси раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Ленинобод (1961-1963) ва рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда буд, ки мухтасари онро манзури хонандаи гиромиқадр мегардонем.
-Қаҳҳор Махкамович! Мехостам рӯзҳои фаъолияти худро дар кори сарварии шаҳри Ленинобод ёдовар шавед?
-Пеш аз ҳама ман бо забони дароз ва ифтихор мегӯям: ман аз хуҷандӣ буданам ифтихор мекунам. Ифтихор ва сарбландӣ аз он дорам, ки ман маҳз дар ин гӯшаи зебоманзару биҳиштосои кишварамон ба дунё омада ба кмол расидаам.
Тақдиру насиб будааст, ки соли 1957 баъди хатми Донишкадаи кӯҳии шаҳри Ленинград фаъолияти меҳнатиамро дар кони ангишти Шӯроб ба сифати сардори участкаи ҳаводиҳӣ (вентелятсия) оғоз карда то соли 1961 то ба дараҷаи сардори кони ангишти Шӯроб шуда кор кардам. Соли 1961 бошад, маро бо тавсияи комитети вилоятии партия ба вазифаи раиси комиҷроияи шаҳри Ленинобод таъин карданд, ки дар ин вазифа то соли 1963 кор кардам. -Чӣ хотироти неке аз рӯзҳои фаъолият дар комиҷроияи шаҳрӣ, ки имрӯз онро МИҲД шаҳр мегӯянд, дар зеҳнатон боқӣ мондааст?
-Бояд иқрор шуд, ки ибтидои солҳои 60-ум ҳанӯз сатҳу сифати зиндагӣ ба андозаи нимаи аввали солҳои 70-уму 80-ум набуд. Зеро, аз ҷанги хонумонсӯзи Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамагӣ 16 сол сипарӣ шуда буду, таъсири манфии он ба рӯзгору зеҳни мардум эҳсос мешуд. Аммо, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати советӣ рӯҳбаландкунанда ба ояндаи неку дурахшон буд ва бо назардошти ҳамин кулли мардуми шӯравӣ зиндгии худро ба роҳ монда буданд. Хусусан, шахсони дар вазифаҳои давлатӣ роҳбари кунанда, он солҳо бо маънои томаш пешво ва пешбарандаи авом буданд, бо пуштибонии том аз ин сиёсат фаъолияти худро ба роҳ монда буданд.
Ҳамин тариқ вақте маро раиси комиҷроияи шаҳри Ленинобод (имрӯза Хуҷанд) таъин карданд, зиндагии мардум ва умуман вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ баробар бо дигар минтақаҳои шаҳрии кишвар буд. Лекин бояд иқрор шуд, ки ҳамон солҳо ҳам Хуҷанд чун имрӯз яке аз марказҳои тамаддун, фарҳанг ва маданият, муаррификунандаи фарҳанги волои миллати тоҷик маҳсуб мешуд.
Табиист, ки пешбурди иқтисодиёт тақозо дошт, навгониҳоро дар ҳаёти шаҳр ворид созем. Хусусан, аз он ки Хуҷанд шаҳри саноатӣ аст, нисбати пеш бурдану тараққӣ додани саноати маҳаллӣ корбарии зиёд кардем. Дар дафтари қайдҳои кориам аз он солҳо, ки то ба имрӯз дар бойгониам маҳфуз медорам, чунин сатрҳоро хондан мумкин аст, ки масалан дар заводи «Торгмаш» соли 1961-ум 14 намуди кроват истеҳсол мешуд. Ё ин ки дар иттиҳодияи дӯзандагии ба номи Н.К.Крупская соли 1961 истеҳолотҳои нав ба кор андохта шуданд, ки коргоҳҳои зикршуда бо таҷҳизоти дӯзандагии муосир муҷаҳҳазонида шуда буданд. Соли 1962 бошад, фабрика  намудҳои либосро мустақилона медӯхтагӣ шуд.
Дар ин радиф дар назди роҳбарияти шаҳр вазифаи муҳим азхудкунии соҳили рости дарёи Сир меистод, ки он солҳо ҳамагӣ 1-2 бинои назарногир ҷойгир буданду халос. Бинобар ин ҳам бо назардошти рушди бомайлони маркази вилоят қарор дода шуд, ки нақшаи кулли шаҳр тағйир дода шавад. Ин дафъа барои ин кор меъморон В.Г.Василевский (роҳбари гурӯҳ), В.Г.Самонина ва муҳандис-иқтисодчӣ Т.Ф.Терещенко, ки дар Институти давлатии лоиҳакашӣ фаъолият мебурданд, ҷалб карда шуданд. Тибқи ин нақша олимон афзоиши аҳолии шаҳрро то соли 1990 ҳисоб карда онро ба теъдоди 200 ҳазор нафар арзёбӣ карданд. Аниқтараш бо ҳамон суръати афзоиши  аҳолӣ саршумори мардум бояд ба 200 ҳазор нафар расад.  Бо назардошти ин қарор дода шуд, ки мавзеи шаҳр асосан аз ҳисоби заминҳои соҳили рости дарё  (87%) васеъ карда шавад. Аз ҳисоби соҳили чапи дарё бошад, ҳамагӣ 12,6 фоиз мебоист шаҳр васеъ гардад.
-Кӯпруки марказии шаҳр ба фикрам маҳз дар ҳамон солҳо сохта шудаанд?
-Бале, ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки то он солҳо кӯпруки шаҳр понтонӣ буд, ки баъди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба нақшаи кулли шаҳр, ки дар он васеъ намудани мавзеи шаҳр аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи соҳили рост қайд гардида буд, барои кашонидани масолеҳи сохтмонӣ кӯпрук мвофиқат намекард. Бинобар ин ҳам мо қарор додем, ки кӯпруки нави ба талаботи замон ҷавобгӯ сохта шавад. Ва он сохта ҳам шуд, ки то ба имрӯз мардум аз он истифода мебаранд.
-Имрӯз сару садоҳое оид ба ҳолати феълии кӯпрук баланд мешаванд, ки аз лиҳози техникаи бехатарӣ чандон ба талабот ҷавобгӯй нест. Нисбати ин масъала андешаи Шуморо фаҳмидан мехостам?
-Ман имрӯз намедонам, ки ҳолати кӯпрки мо сохта чӣ гуна аст? Бигзор мутахассисон ба вазъи он баҳо диҳанд. Лекин бояд гӯям, ки кӯпрук бо назардошти тараққиёти ҳамон солҳо сохта шудаасту зиёда аз ним аср инҷониб хизмат мекунад. Ба ин гуна рӯз расиданро солҳои минбаъд собиқ раиси комиҷроияи шаҳри Ленинобод,  яке аз устодони мо Аминҷон Файзиматович Расулов, ки 16 сол шаҳри Ленинободро бо маҳорати баланди роҳбарӣ сарварӣ кард, пешкӣ дарк карда, барои сохтмони кӯпруки нав камари ҳиммат баст ва ба он ноил ҳам шуд.
-Қаҳҳор Махкамович, Шумо он солҳо ба ҳайси раиси Госплани ҷумҳурӣ фаъолият доштед, шояд аз таърихи чӣ тавр бунёд шудани кӯпруки «ҷашнӣ» бохабар бошед?
-Бале. Аминҷон Файзиматович Расулов з рӯи ҳикмати мардумии «Дурӯғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез» амал карданд. Хуб дар ёд дорам, вақте омада дар сохтани кӯпруки нав маблағ талаб карданд, дастури он солҳо, ки аз 1 млн. сӯм зиёд маблағ бо розигии «Марказ» ҷудо шуданашро хотиррасон кардам. Устод, «хуб» гӯён рафтанду баъд он «навори таърихӣ»-ашонро малӣ карданд. Шумо ҳам хуб медонистагистед, ки чӣ тавр болои кӯпрук мошинҳои бисёрро қатор карда, тавассути вертолёт аз боло онро навор гирифта ба Маскав бурда нишон дода гуфтанд: Бинед, кидар шаҳр нақлиёт зиёд. Ба шаҳр кӯпруки иловагӣ ҳатман зарур аст, набошад, мо пешравии шаҳрро таъмин карда наметавонем. Дар Маскав баъди тамошои «навор» барои ҷудо кардани маблағ розигӣ доданд. Чи хеле, ки мебинед, имрӯз он кӯпруки нав дар хизмати мардум асту албатта савобаш ба Аминҷон Файзиматович низ мерасад, ки Худованд раҳмат карда бошад.
- Нияти навиштани хотираҳо надоред? Охир имрӯз иншои хотира байни роҳбарони гузашта ба ҳукми анъана даромадааст.
-Дуруст ин гуфтаҳоятон ба мушоҳида мерасанд. Лекин, ман ҳеҷ гоҳ ҷонибдори таърифу тавсифи корҳои кардаи хеш нестам. Ман гумон мекунам, ки ҳарчӣ ба зиммаи мо афтоду ба ҷо овардем, он амри тақдир буд. Лекин дар ин шебу фарози зиндагӣ инсон бисёр пастиву баландиҳои зиндагиро тай мекардаасту хулосаҳои зарурӣ мебаровардааст. Ба дурустии ҳикматҳои зиндагӣ бо паси сар намудани пайгаштҳо боварӣ ҳосил мекардааст. Ба ёд овардани солҳои баъди ба истеъфо рафтанам ба ман бисёр вазнин аст. Хиёнати ҳаммаслакро бо чашми сар дидам. Масалан, котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон Пётр Лучинскийро. Ман дертар фаҳмидам, ки ӯ бо душманони миллати мо ҳамнишаст будаасту дар ташкили задухурдҳои сиёсӣ нақши калидиро бозидааст. Ин кӯранамак нону намаки халқи тоҷикро хӯрда ба мо хиёнат кард. Се рӯз пеш аз гирдиҳамоиҳо пинҳонӣ Тоҷикистонро тарк карда будааст, ки баъд ба ман роҳбарияти Кумитаи давлатии бехатарӣ маълумот доданд.
16 апрели соли 2002 рӯзи мавлудам-70 солагиам буд, ки ба таври хоксорона дар ҳалқаи оила қайд мекардем. Яке телефони байнишаҳрӣ садо дод. Ҳамсарам Гавҳархон гуфт, ки маро мепурсанд. Гӯшакро ба даст гирифтам, ки аз он сӯй бо лаҳни русӣ садо омад:
-Кахар Махкамович! Поздравляю Вас с 70-летием. Я Пётр Кириллович Лучинский.
Ман ҳадаҳа ҷавоб додам:
-Я с предателями не разговариваю… ва гӯшкаро ба ҷояш гузоштам.
Лекин чун имрӯз гоҳо баъзе он нафарони майдоннишинро дучор меояму мебинм, ки яке шал шудаву дигаре кӯр ё сеюмӣ ба касали пес гирифтор шудаанду аз карда пушаймон узрхоҳӣ мекунанд, худованд ба ман он лаҳза ҳофизаи қавӣ медиҳад ва аҷибаш он ки онҳоро мешиносаму мегӯям: ту ана, дар фалон кунҷи майдон нишаста дод мезадӣ-а? Онҳо ҷавоби мусбӣ дода мегӯянд: -Қаҳҳор Махкамович! Аз гуноҳамон гузаред, мо нисбати шумо кӯранамакӣ кардем, ки имрӯз Худованд моро ҷазои сахт додааст. Ман дар ҷавоб ба онҳо мегӯям: -Худо Шуморо бахшад, ки сабабгори ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ва ятиму бева мондани ҳазорҳо тифлакони маъс уму ҷавонзанони бегуноҳ гардидед. Ҳазорҳо модарон дар ҳасрати ҷигарбадони ғурамаргашон синабирён шуданд…
Баъди истеъфоям, расо 16 рӯз дар хона нишастм. Рӯзи 17-ум як соҳибкори маҳаллӣ омада маро ба кор таклиф кард. Гуфтам, ки расман не. Танҳо ба сифати мушовир ман розӣ. Дар фирмаи «Шукур» ба кор сар кардем, корҳо хуб шуданд. Соҳибкориаш ривоҷ ёфт. Хоксорӣ нашавад ҳам, гӯям, ки дар аксар ҳолатҳо вазифаву мақоми собиқаи манро ба инобат гирифта, роҳбарони маҳаллӣ ба тиҷораташ розигӣ медоданд. Лекин ин ҳам тӯл накашид. Баъди як муддате, ки бо ким кадом ҷурм ӯ гуреза шуд, кори фирмаро ман пеш бурдам.  Борҳо хостанд, фирмаашро махкам ва амволашро мусодра кунанд. Лекин ман аз мақомотҳои қудратӣ хоҳиш мекардам, ки ин корро накунед. Мабодо баргашта гӯяд, ки «Қаҳҳор Махкамов б ман хиёнат кард». Онҳо дар ҷавоб мегуфтанд: майлаш ба эҳтироми Шумо Қаҳор Махкамович мо ин корро намекунем!».
Ҳамин тавр кори фирмаро ман пеш мебурдам. Вазъият бад набуд.Соле чанд пас ба Ватан баргашт. Ба ӯ кори фирмаро дар ҳолати хуби иқтисодӣ расман дар идораи нотариалииноҳияи Ҳисор  супоридам. Лекин чун хостам ба утоқи кориам  баргардам, дари онро махкам ва мӯҳргузошта ёфтам. Дар дил гуфтам: ба нағзӣ бадӣ гуфтагиаш ҳамин будагист.
-Мегӯянд, ки дар ҳамин гуна рӯзҳои сахту вазнини зиндагиатон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба имдоди Шумо расид?!
-Бале, Худо хайри ин ҷавонмарди асилро диҳад, ки ана, дар ҳамин рӯзҳои вазнини зиндагиам тибқи дастури ӯ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ нафақаи маро ҳамун нахустпрезиденти Ҷумҳурӣ ба эквиваленти 500 доллар баланд бардоштанд ва ба зиндагии ман кӯмаки хеле калон шуд.
Дар ҳамин маврид мехостам чанд фикру мулоҳизаи худро нисбати Роҳбари давлатамон гуфта бошм. Вай дар ҳақиқат роҳбари сарсупурдаи миллати мост.ӯбо маънои томаш тавонист миллати тоҷикро бо ҷонфидоиҳояш аз вартаи ҳалокат вораҳонад, ки инро бояд мардона иқрор шуд. Як худи аз ҷонаш гузашта ба сарзмини ҷангидаистодаи Афғонистон-Хосдеҳ рафта, таи 14 соат роҳбари мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нуриро интизор шуданаш мардигест, ки мутаассифона, на ҳама ба он қодирем. Вай воқеан ҳам мунодии сулҳу Ваҳдат аст.
-Дигар ягон аз ҳаммасалкон  Шуморо дастгирӣ накарданд?
-Шояд насли калонсол яке аз кормандони масъули давлатӣ Валерий Михайлович Коганро шиносад, ки  солҳои дар ҷумҳурии мо истиқомт карданаш шиноси хуб будем. Борҳо ба ӯ ёрдам карда будам. Бинед, ки некиҳои маро аз хотир фаромӯш накарда будааст. Айни ҳол вай соҳибкори муваффақ дар шаҳри Москва кору зиндагӣ дорад. Аз бемориам огоҳӣ ёфта, хост маро ба Германия ба табобат фиристад. Аммо, рад кардам. Дар муассисаҳои табобатии  Маскав маро хобонд. Пурқувваттарин табибонро даъват кард, марои муоина ва муолиҷа намуданд. Ҳамон дастгириҳои эшон аст, ки алҳол «пойи равонам».  Моҳи апрели соли 2012 ба ҷашни 80-солагиам омада, сабукрави «Волга-ГАЗ 24»-амро дида ҳайратомез гуфт: «наход Шумо дар замонаш роҳбари республка шуда, то ҳанӯз ҳамин бо волгакӯҳна гардед?». Гуфтам, ки ҳаминаш ба ман кифоя аст.
Бегоҳи санаи 30 декабри он сол дарвозаро касе кӯфт. Бароям ду ҷавони ҳузарб, назди дарвоза сабукрави тамғаи «Месредес» оварда гуфтанд, ки ин ба Шумо тӯҳфа. Танҳо Шумо бояд паси рул шинед, ки мо расматонро гирем ва ба соҳибаш нишон диҳем, ки   мукофот ба дасти шумо расид.
Аввал боварам наомад. Лекин, баъди истодагарӣ гуфтаашонро иҷро кардам. Онҳо сабукравро ба гараж дароварданду рафтанд. Бегоҳи 31 декабр ҳамон шиноси деринаам Валенрий Михайлович аз Маскав занг зада бо фарорсии Соли нав табрик намуду гуфт: Каҳор Махкамович. Шумо ба ин арзанда ҳастед. Ин «Мерседес» аз ман ба Шумо тӯҳфа. Даври пириро ронед… Вале, онро ҳамагӣ 2 ё 3 маротиба рондааму халос. Боқӣ ҳамон «Газ-24»-ро истифода мебарам. Ин некиҳоро ҳеҷ гоҳ ман фаромӯш нахоҳам кард. 
-Вазъи саломатиатон чӣ гуна аст?
-Саломатии мӯйсафеде, ки умраш аз 80 гузашта, ин қадар рӯзҳои вазнину сангин ва азобҳои руҳиро паси сар кардааст, чӣ тавр буданаш мумкин аст. Бемории саратони ғадуди зери меъда сахт азобам медиҳад. Хушбахтона, баъди табобат дар Маскав тибқи хулосаи табибон айни ҳол касалӣ «хоб» аст. Он тарафашро тақдиру насиб медонад.
-Хуҷандро пазмон нашудед?
-Пазмон шудам. Аммо, чӣ илоҷ? Бемориам роҳи дур рафтанро чандон намебардорад. Ба зодгоҳам деҳаи Ғозиён маротибаи охирон рӯзи вафоти модарам рафта будам. Вақтҳои охир зодгоҳ,  ёру дӯстони хуҷандиамро бисёр хоб мебинам. Соли гузашта ба ҷашни 80-солагии ҳамсинфам табиби номӣ Мирзосангин Қутфиддинов боазобе рафта омадаму дигар аҳд кардам, ки ҳеҷ гоҳ ба сафар ба роҳи дур намебароям.
-Дар интиҳои сӯҳбат шояд ягон гуфтание дошта бошед, марҳамат.
-Аз номи ман ба кулли мардуми сарбаланди Хуҷанд, ки ҳамшаҳриёни мананд, салому паёми гарму ҷӯшони  маро рсонед. Хуҷанди бостон чун зодгоҳ, маконе, ки хуни нофам рехтаасту Ҳукумати шаҳр бошад, бароям парвозгоҳ ба олами сиёсату давлатдорист. Таманнои онро мекунам, ки мардуми сарбаланди Хуҷанд, минҷумла сарбаланди тоҷикро дигар ҳеҷ гох рӯзҳои сахту сангин пайгир нашавад. Худованд ба фарзонафарзанди миллати мо Эмомалӣ Раҳмон тани сиҳату хотири ҷамъ ва умри дарозу пурбаракат насиб карда бошад. То ки ӯ воқеан ҳам пешвою сарвар ва саркардаи халқи азизаш бошад.
-Барои сӯҳбат як ҷаҳон ташаккур!

Мусоҳиб,
Мирзоаъзам Мақсудов,
аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.