(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Вохӯрӣ бо раиси Кумитаи бонувони ҷумҳурДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вохӯрии бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо баргузор гардид, ки дар он  сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода иштирок дошт.
Муовини Раиси шаҳр Бурҳонзода Умеда Муродӣ вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ  оғоз бахшида, изҳор дошт, ки тибқи нақшаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси кумита бо бонувони шаҳри Хуҷанд доир мегардад ва меҳмони олиқадрро ба Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба Идигул Қосимзода дод.
Мавсуф аз пазироии гарми сокинони Хуҷандшаҳр изҳори сипос намуда, хушҳолӣ кард, ки  чеҳраҳои намоёну шинохтаи ҷумҳуриро дар ин толор мебинад. Вохӯрӣ бо раиси Кумитаи бонувони ҷумҳур Ба шарофати заҳмату талошҳои чунин занони фаъол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешравӣ ноил мешавад ва мавқеи худро  дар арсаи байналхалқӣ  устувор мегардонад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши  модарону занонро дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзанд ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд  ҳисобида, тайи 25 соли соҳибистиқлолӣ бо мақсади дастгирии бонувон ва баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонд. Барномаю Стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб  расиданд, ки ҳар кадоми онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нақши муҳим бозиданд. Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007- 2016» ва Барномаи давлатӣ «Оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2020» аз ҷумлаи онҳост.
Раиси кумита Идигул Қосимзода дар асоси ҳамин тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар Парламенти кишвар ва Маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ, ҷамоату деҳа интихоб гардидани вакилон аз ҳисоби занон, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолият бурдани бонувон, 60 фоизи кормандони муассисаҳои тиббиро ташкил кардани занон, сарварии 20496 хоҷагии деҳқониро дар ӯҳда доштани бонувон, ба маблағи 2 миллион сомонӣ расидани Гранти президентӣ барои бонувони ҳунарманд ва соҳибкор, беш аз 8400 нафар духтар бо квотаи президентӣ таҳсил доштанаш дар мактабҳои олӣ, таъмини духтарони болаёқат бо идрори президентӣ ёдовар шуда, кушода шудани хобгоҳ барои ятимдухтаронро аз ғамхориҳои беназири Сарвари мамлакат арзёбӣ кард. Ҳамзамон аз ҳамкориҳои кумита бо Созмонҳои байналмилалӣ маълумот дод.
Идигул Қосимзода баробари комёбиҳо доир ба камбудиҳои ҷойдошта ҳарф зада, таъкид кард, ки занону духтарони мо ба бегонапарастӣ майл дошта, либосҳои ба миллати мо хос набударо дар бар менамоянд. Аз пӯшидани либосҳои аз матои сунъӣ дӯхташуда ба бемориҳои гуногуни пӯст гирифтор мешаванд. Зане  бо хоҳиши худ сатрпӯш шуда, ба беморӣ мубтало гардид ва сари вақт табобат нагирифту оқибат оилавайрон шуд. Шавҳар барои худ зани дигар интихоб кард. Масъалаи дигаре, ки имрӯз аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст,-гуфт, маърӯзачӣ, ин никоҳи хешутаборӣ мебошад, ки он оқибати нек надорад. Дар ҷумҳуриҳои Чин, Ҷопон ва Куриё пеш аз издивоҷ ҳафт пушти авлодро меомӯзанд, ки мабодо ҳамхун набошад.  Дар ҳолати хешу табор будан аз оиладоршавӣ худдорӣ менамоянд, медонанд, ки насли солим аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё омаданаш гумон аст. Лекин дар миллати мо аз хурдӣ ба писари амак, амма, тағо, хола гаҳворабахш кардани духтаракон дида мешавад, ки ин  хуб нест. Бояд аз чунин анъанаҳо даст кашем, ба хушбахтии фарзандон садди роҳ нашавем. Оилаҳои хушбахт бунёд созему фарзандони солим ба дунё орем, зеро пойдориву устувории давлат аз  насли солим ва ҷомеаи солим сарчашма мегирад.
Дар қисмати саволу ҷавоб собиқадори меҳнат Муборак Неъматова, рӯзноманигор Моҳира Раҳимзода, ҳунарманд Салимабону Каримова, роҳбари Асосиатсияи занони соҳибкор Муҳаббат Нозимова, раиси бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд Мастура Темурова, чемпиони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебунисо  Рустамова, подполковник аз Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Мушаррафа ӯрунова, раиси Шӯрои духтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров Саноат Раҳимова, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 Саодат Сафарова сухан карда, доир ба сатру ҳиҷоби бонувон, никоҳи хешу таборӣ, эҳё гардонидани ҳунарҳои миллӣ, қабули қонун «Дар бораи ҳунармандӣ», ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани сатрпӯшон, ташкили барномаи махсуси телевизионӣ дар Шабакаи аввали ҷумҳурӣ-Тоҷикистон доир ба мавзӯи «Ҳунарҳои миллии тоҷикон», ташкили ҳамасолаи бозиҳои варзишӣ дар байни бонувони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳимояи занони шавҳаронашон дар муҳоҷиратбуда, эътибор додан ба тарбияи кадрҳо дар сатҳи хизматчии давлатӣ ва таъсис додани бахши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таклифу пешниҳодҳои хешро баён карданд.
Дар фарҷоми суҳбат раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо ба фаъолони шаҳри Хуҷанд ваъда дод, ки таклифу пешниҳодҳояшон мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои ҳаллаш тадбирҳо андешида мешавад.

Монаднисои ҚУРБОН, «Тирози ҷаҳон»