(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрики Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати  Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ Дӯстони азизу арҷманд!

Кормандони соҳаи савдо, коркунони муассисаҳои хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иди касбиашон самимона табрик мегӯям.

Ба дӯши кормандони соҳаи савдо вазифаҳои басо масъулиятнок вогузор аст, ки онҳо ҳамарӯза дар хизмати мардум буда, барҳақ муҳимбарори халқ мебошанд.

Фаровонии маҳсулоти бозор, таъминоти мардум бо маводи ниёзи аввал, маводи рӯзгор, хӯрокаю пӯшока ва хизматрасонии маишӣ иҷрои ин вазифаҳо дар дӯши кормандони соҳаи савдо ва хизмати маишӣ мебошад.

Дар кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизмати маишӣ» қабул гардид, ки он барои кормандони соҳаи савдо дастур ва роҳнамо мебошад.

Вобаста ба вазъияти болоравии нархи маводҳои хӯрока дар бозорҳо бо дастгирӣ ва супориши Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Сущд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода дар вақтҳои мавсимӣ чораҳои зарурӣ барои ташкили ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ андешида мешаванд, то дастархони мардум аз маводҳои аввалиндараҷа щанӣ гардад ва нархи бозор ба танзим дароварда шавад.

Баробари ин барои шаҳрвандон наздик шудани нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ бештар сохтмонҳои нави замонавӣ, аз ҷумла, мағозаҳо, марказҳои савдо, қаҳвахонаҳо, нуқтаҳои хизмати маишӣ ташкил карда мешаванд. Танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 8 иншооти савдою хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Имрӯзҳо дар бозорҳо арзонию фаровонии молу маҳсулоти кишоварзӣ, рӯзгор ва маданияти баланди хизматрасонӣ қабл аз ҳама, аз азму иродаи соҳибкорон ва ҳиммати онҳо вобаста аст.

Бояд қайд намоем, ки ободонӣ ва сарсабзиву хуррамии диёр, беҳбудии рӯзгори мардум, рӯҳияи болидаи онҳо аз сатҳи хизматрасонии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, имрӯз тақозо карда мешавад, ки ислоҳоти соҳа, тарзи корбарӣ ва хизматрасонии коммуналӣ мувофиқи талаботи замон ба роҳ монда шавад.

Дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти Шумо - кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ бурдборӣ ва муаффақиятҳо хоҳонем.

Иди касбӣ муборак!

 

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                                                                                               Раҷаббой Каримов