(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Бинои истиқоматӣ бо маркази савдо ба истифода дода шуд.Мусобиқаи варзишии наврасон бахшида ба Рӯзи кӯдакон.
Субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар маросими кушодашавии  яке аз иншоотҳои ҷашнӣ ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,- Маркази савдои «Хуршед плюс» ва маросими хатнатӯйии  10 нафар тифлон  аз оилаҳои эҳтиёҷманд ширкат намуд.
Маркази савдои мазкур давоми як сол ба маблағи бештар аз якуним миллион сомонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмониро ширкати сохтмонии «Фламинго» ба анҷом расондааст.
Бинои   маркази савдои навбунёд аз 5 ошёна иборат буда, даҳ ҳуҷраи истиқоматиро дар бар мегирад. Ар баробари ин 16 нафар сокинони маҳалли атрофии ин марказ  бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Раиси шаҳри Хуҷанд кулли иштирокдорон ва тифлони дар ин чорабинии  тантанавӣ ширкат доштаро бо Рӯзи муҳофизати кӯдакон муборакбод намуда, ба 10 нафар тифлони хатнашаванда аробачаи кӯдакона тӯҳфаҳои хотиравӣ ва кӯмакпулии яквақтаро  тақдим намуд.