(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати таҷлили Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣҲамшаҳриёни азиз!
Мӯҳтарам собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Дар таърихи давлатдории аҳли башар яке аз нишонаҳои муҳимтарини ҳар як давлати соҳибистиқлол мавҷудияти сарҳадоти муайяншудаи он мебошад, ки ҳар кишвари мустақил онро чун рамзи муқаддаси миллӣ ва рукни асосии давлатдорӣ ҳифзу нигаҳбонӣ мекунад.
28-уми май ба рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз нишонаҳо ва рамзҳои муқаддаси миллии мо - марзҳои давлати соҳибистиқлоламонро бо сарбаландӣ ҳимоя мекунанд, 22 сол пур мешавад. Ба ин муносибат ҳар яки шумо - ҳомиёни содиқу шуҷои марзу буми Ватан ва оромиву суботи мамлакатро самимона табрик гуфта, бароятон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу менамоям.
Имрӯз боиси ифтихор аст, ки Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таъмини осоиштагии халы, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиылоламон саҳми таърихӣ ва беназир мегузорад. Давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтарсозии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва шароити хизматчиёни ҳарбӣ ҳамасола корҳои назаррасеро ба анҷом мерасонад. Имрӯз сарҳадбонон бо хизмати садоыатмандонаи худ сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя карда, оромию осоиштагии марзҳои кишварро таъмин менамоянд.
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бо азму кӯшишҳои назарраси Раиси вилоятамон, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр бо дарки зарурӣ ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид равона карда истодаанд.
Ҳоло барои он ки ин давлат, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, мову шумо ва насли ҷавони имрӯза бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёри худ, онро самимона дӯст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоияш талош намоем. Аз ин рӯ, ҳамаи афроди низомӣ - аз сарбозони қаторӣ то афсарони олирутба ӯҳдадоранд, ки ба иҷрои вазифаи бевоситаи худ дар назди Ватан бо масъулияти фарзандӣ ва садоқату эътиқод ба халқи хеш муносибат намоянд.
Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба бисту дуюмин солгарди таъсисёбии Ыӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон рӯзгори осуда, ободии хонадон ва хизмати бобарорро ба нафъи халқу Ватан орзу менамоям.
Идатон муборак - ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!