(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳисоботи эҷодии Мактаби рассомии шаҳри ХуҷандДар мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд мавсими таҳсил ба анҷомрасид. Чун анъана омӯзгорон ҳунармандон ва муҳассилини ин таълимгоҳи фарҳангӣ-ҳунарӣ баъди хатми соли хониши имсола низ чорабинии ҳисоботӣ ва фарҳангию эҷодӣ дар «АРТ- галереяи Сомониён» доир намуданд.
Дар ин намоишгоҳ бештар аз 800 намгӯи маҳсули эҷоди аъзоёни маҳфилҳои амалкунандаи ин мактаб рассомии бачагонаи шаҳр гузошта шуда, дар қисмати ифтитоҳии он роҳбарони таълимгоҳ ва муассисаҳои фарҳангии шаҳрро ҳайати омӯзгорон ва ҳунармандони наврас пазироӣ намуданд.
Холо дар ин мактаб 150 хонандагон дар ду баст бо тахсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин таеъдод, ба 32 нафари онхо дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаи хатм супорида шуд. Дар ин мактаб 8 маҳфил,- рассомӣ, сӯзанидӯзӣ, хайкалтарошӣ, маллофадузӣ ё худ йурмадӯзӣ, кулолгарӣ, дӯзандлагиву тарроҳӣ ва қуроқдӯзӣ амал мекунад.
Дар намоиш ҳар як хонандаи мактаби мазкур аз рӯи ин ҳунарҳо маҳсули дасташро ба намоиш гузошта, духтарони ҳунарманд бошад бо либосхое, ки худашон омода намудаанд, ба бар намуда, ба иштирокдорони чорабинӣ намоиш доданд.
Аксари расмҳое, ки хонандагон дар намоиш гузошта шуда буданд, манзараҳои табиат, кайҳон ва ғайраро тасвир гардида, таваҷҷӯҳи ҳар як тамошобинро ба худ ҷалб мекард.
Лозим ба қайд аст, ки ин муассисаи таълимии фарҳангию ҳунарӣ барои наврасон давоми 44 фаъолият дошта барои ташаккули завқи зебоипарастии наврасон ва омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ ва тарғиби онҳо саҳми босазое дорад.