(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба хонандагон доири туризми дохилӣ маълумот дода шудДар доираи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» ва тибқи дастури Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри огоҳонидани мафҳум ва моҳияти соҳаи туризм, рушди туризми дохилӣ аз ҷумла туризми мактабӣ силсила презентатсияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Литсей ва Гимназияиҳои шаҳри Хуҷанд аз санаи 13 майи соли равон оғоз гардид.
Презентатсия дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Согдинана трейд» доир гардида, мақсад аз он интихоби дурусти касб ва дарёфти роҳбаладони ҷавон мебошад.
Нахустин презентатсия дар гимназияи №4 баргузор гардид, ки дар он беш аз 120 нафар ҷавонони синфҳои болоӣ иштирок намуда оид ба туризми дохилӣ ва туризми мактабӣ маълумотҳои муфассал дода шуданд.