(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хонандагон бо ҳаёти сарбозӣ ошно гаштанд.Дар доираи баргузории чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон–пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» имрӯз дар қисми низомии 3501 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид.
Дар он бештар аз 500 нафар хонандагони синфҳои болои мактабҳои шаҳр ҷавонписарони сини даъватӣ ширкат намуданд.
Дар оғози ин чорабинӣ сарбозону афсарон ва хонандагонро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ ва сардори ин қисми низомӣ Умарзода Эргаш Насриддин бо баргузории рӯзҳои ҷавонон табрик намуданд.
Зикр гардид, ки мақсади баргузории ин чорабинӣ беш аз ҳама барои ошноии ҷавонписарон бо ҳаёти сарбозон, тарбияю таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва шавқи хизмати ҳарбӣ арзёбӣ мегардад.
Дар лаҳзаи тантанавӣ ба бештар аз 45 нафар сарбозон тӯҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Ҳамчунин ба наврасон имконият дода шуд, ки аз шароити будубоши сарбозон ва шароитҳои онҳо аз наздик ошно гардида бо хизматчиён ва ҳайати шахсии қисми низомӣ сӯҳбати озоду самимӣ анҷом диҳанд.