(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Муҳассилини Литсей Тоҷикистонро муаррифӣ менамояндТолибилмони муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд пайваста дар озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба гирифтани маыомҳои ифтихорӣ мушарраф мегарданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандагони синфи 11-ум Мунзифахон Бобокалоновааз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи II (омӯзгор-Рӯзибоев Тоҳир), Муҳиддин Сироҷиддинов аз фанни риёзӣ сазовори ҷойи II(омӯзгор-Ҳикматулло Саидзода) ва Зоҳидов Манучеҳр аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи III (омӯзгор-Ҳомидова Гавҳархон) гардиданд.
Моҳи марти соли 2016 дар давлати Тайван Олимпиадаи байналмиллалии “IMAS” аз фанни риёзӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 180 нафар хонандагони синфи 7-ум ва 230 нафар хонандагони синфи 8-ум ширкат варзиданд. Хонандаи синфи 8-ум Насим Ҳакимов сазовори ҷойи II, хонандагони синфи 7-ум Донёрбек Абдураҳимов ва Махкамҷон Раупов сазовори ҷойи III-юм (омӯзгор-Тулаганов Салим) гардиданд. Моҳи апрели соли 2016 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Олимпиадаи байналмилалии “INFOMATRIX” аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 28 давлати дунё иштирок намуданд, дар ин олимпиада хонандагони синфи 9-ум Шаҳром Мирзоалиев, Алимадов Сино сазовори ҷойи I (омӯзгор-Мамаҷанов Хуршед) ва Шаҳром Имомзода, Ҳасанҷон Ганиев сазовори ҷойи II (омӯзгор-Ҳикматулло Саидзода) гардиданд.
Санаҳои 21-23 моҳи апрели соли ҷорӣ Олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Тиблисии Ҷумҳурии Гурҷистон бо ном “IYIPO” аз фанни биология баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 23 давлати дунё иштирок намуданд, ки хонандагони синфи 10-ум Сомон Султонов ва Муҳаммадсурур Ӯлмасов ширкат варзида, ҷойи I-ум (омӯзгор-Мадаминов Абдуҳамид) гардиданд.
Лозим ба таъкид аст, ки санаҳои 26-30 моҳи майи соли 2016 дар давлати Руминия, шаҳри Бухарест Олимпиадаи байналмиллалии “INFOMATRIX” баргузор мегардад ва дар он аз фанни технологияи иттилоотӣ хонандагони синфи 9-ум Шаҳром Мирзоалиев, Исмоилҷон Исмоилов, Баҳром Муродов (омӯзгорон Мамаҷанов Хуршед, Мадаминов Абдуҳамид) ширкат меварзанд.