(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шариф Шарифзода «Мардонагию қаҳрамонии Шумо ифтихори насли имрӯзу фардост.»

Бахшида ба 71 солагии Рӯзи Ғалаба имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба 5 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Мамадхон Эшонов, Ашӯр Комилов, Аҳрулло Саидов, Маликаброр Шарипов ва Сотим Мирзоалиев супоридани кӯмакҳои яквақтаи пулии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз меҳмононро ба собиқадорони ҷанг муаррифӣ намуда, барои онҳо таманниёти неку самимии хешро расонд.
Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  Бозорали Одиназода ин мардони қаҳрамонро аз номи Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд,ки имсолу солҳои минбаъда садри маҳфилҳои ҷашнии мардуми шарифи кишвар хоҳанд буд. Шариф Шарифзода «Мардонагию қаҳрамонии Шумо ифтихори насли имрӯзу фардост.»

Ҳамчунин намояндаи Раиси вилоят Носир Акмолов ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода собиқадоронро бо Иди Ғалаба муборакбод намуда, аз корнамоиҳову қаҳрамониҳои эшон дар майдони набард ва саҳми онҳо дар таъмини ғалаба сухан гуфтанд.
Нафарони зикргардида ба ҳар як собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба миқдори  2000 сомонӣ, аз номи Раиси вилояти Суғд 1000 сомонӣ ва мукофотпулии Раиси шаҳри Хуҷандро ба миқдори 500 сомонӣ тақдим намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сотим Мирзоалиев ба синни мубораки 90 солагӣ қадам ниҳод. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз соҳибҷашнро бо ин санаи фархуда табрик намуд.
Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Бозорали Одиназода, намояндаи Раиси вилоят Носир Акмолов ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода барои аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба манзили истиқоматии онҳо рафтанд.
Баробари табрикоту таманниёти нек кӯмакпулии яквақтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин маводи ғизо супорида шуд.
Дар Хуҷанд айни замон 14 нафар собиқадорони ҶБВ зиндагӣ менамоянд.