(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Навиди фарҳангӣ: «Корвони китоб» дар сафарТибқи  Барномаи «Рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ва фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанг дар соли 2013-ум ҷиҳати пурра ва мукаммал гардонидани фонди китобхонаҳои давлатӣ оммавии вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 май то 28 июни соли 2013 тавассути «Корвони китоб» ба таври ройгон ба вилояти Суғд  ба қадри 14896  нусха  ба маблағи 43 ҳазору 222 сомонӣ 56 номгӯй китоб овард.

 

Ба ин муносибат дар пешорӯи Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ намоиши китобҳои тозанашр ва ҷамъомади тантанавии дӯстдорони китоб баргузор гардид. Он бо сухани муқаддимавии директори Навиди фарҳангӣ: «Корвони китоб» дар сафаркитобхона Алиҷон Бобоев оғоз ёфт.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аминҷон Шарифов ҳини суханронӣ мулоқоти Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷавонони ташаббускор ёдовар шуда, гуфт, ки ташкили «Корвони китоб» ба ҳукми анъана даромадааст ва он имкон медиҳад, ки хазинаи китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳру навоҳӣ бой гардад ва шумори дӯстдорони китоб чандин маротиба афзояд.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» Саидҷаъфар Сафаров сухани худро бо гуфтаи Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оғоз кард.

-Китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад… Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст, гуфт ӯ ва ҳамоно афзуд, ин некгуфтаҳоро Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карданд. Ва мақсад аз ташкили «Корвони китоб» ҷалби диққати мардум ба китоб ва китобхонӣ аст. Корвони пур аз китоб, аллакай, дар ноҳияҳои Айнӣ, Истаравшан, Шаҳристон, Fончию Зафаробод буд. Ва он аз Хуҷанд ба Табошар, Чкаловск, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Fафуров, пасон ба Қайроққум, Исфараю Конибодом меравад.

Навиди фарҳангӣ: «Корвони китоб» дар сафарДар тантанаи «Корвони китоб» адибон Аҳмадҷони Раҳматзод, Муҳаммад Субҳон, Равшан Замир, Ӯлмаси Хол ширкат доштанд. Аз ҷониби кулли адибон раиси шӯъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод сухан кард. Суханаш ба васфи китоб ва рӯи гарми он диққати ҳазорон иштирокдори тантанаро ба худ кашид.

Намоиш фурӯши китоб боиси афзудани шумори китоби чандин оилаи шаҳри Хуҷанд гардид ва он се рӯз давом мекунад.

Дар ҷамъомади китобдӯстон сардори Раёсати фарҳанги вилоят Обидҷон Назаров иштирок дошт. Ӯ корвониёнро ба шаҳри Хуҷанд хайрамақдам гуфт ва барои ба вилоятҳои Хатлону Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рафтан роҳи сафед орзу кард.