(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Футболбоздухтарони «Хуҷанд» беҳтарин дар вилоятДар варзишгоҳи Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол байни бонувон барои дарёфти «Ҷоми Умед» ба анҷом расид.
Дар ин мусобиқа, ки таи 5 рӯз идома ёфт 7 даста аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Б. Ғафуров, Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод ва дастаи ДДҲБСТ иштирок намуданд.
Бонувони футболбоз ҳунари баланди футболбозӣ нишон дода, дар давраҳои ниҳоӣ дар баробари пешнҳоди мусобиқаи шавқовару байни дастаҳои барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ сабқати пуршиддат намуданд.
Ниҳоят дастаи “Хуҷанд” бо 18 имтиёз ғолиби ин мусобиқа гардид. Футболбоздухтарони МТМУ № 13 ноҳияи Б. Ғафуров бо 15 имтиёз зинаи дуюмро ишғол намуда, дастаи “Мастчоҳ” бошад бо 12 имтиёз зинаи сеюмро касб кард. Инчунин аз ҷониби мухлисон, кумитаи тадорукот ва доварон бозингарони беҳтарин муайян карда шуд. Барои маҳорати баланд дарвозабони дастаи «Хуҷанд» Седунова Мария, муҳофизатгар Пирумханова Мадина аз дастаи “Мастчоҳ”, ниммуҳофизатгар - Оқилова Маҳфуза аз дастаи “Б. Ғафуров”ва ҳамлагар - Дадобоева Парвина аз дастаи “Хуҷанд” соҳиби мукофот гардида, Ҷураева Ирода аз дастаи футболбозони “Хуҷанд чун «Бозингари беҳтарин» муаррифӣ гардид. Тамоми шахсони зикргардида соҳиби тӯҳфаҳо гардиданд. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси Федератсияи Футболи вилояти Суғд Рустам Марофиев ва сармураббии дастаи мунтахаби футболи занона Сулаймон Бобокалонов ба ғолибон Ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.