(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҳсулоти ватанӣ бояд афзалият дошта бошад.Бо мақсади иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии маҳсулоти ватанӣ и.в. Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода аз намоиши либосҳои мактабӣ дар корхонаи «Нассоҷии  Хуҷанд  дидан намуда, бо роҳбарони макотиби шаҳр ва корхонаҳои саноатии маркази вилоят ки мактабиёнро бо либоси мактабӣ таъмин менамоянд мулоқоти корӣ доир намуд.
Масъулини мақомоти маҳаллӣ ва идораи маорифи шаҳр қаблан Шариф Шарифзодаро бо либосҳои мактабии чанде аз мактабҳои шаҳр ошно намуданд. Раиси шаҳр аз сатҳу сифати либосҳои мактабиён дар мачмӯъ изҳори қаноатмандӣ намуда, бо омӯзгорону тарроҳон бобати такмили дӯхту ороиши либосҳо мубодилаи андеша намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки либосҳои мактабӣ бояд  вобаста ба ороишу намуд ва интихоби матоъ такмил дода шавад. Дар намоишгоҳи корхона бошад либосҳои омоданамудаи   сехҳои дӯзандагии шаҳр барои мавсими нави хониш манзури ҳозирон гардид. Дарнамоиш маҳсулоти омода намудаи 15 корхонаю сехҳои дӯзандагӣ барои  толибилмони синну соли гуногун ва омӯзгорон намоиш дода шуд. Раиси шаҳри Хуҷанд аз масъулин ва роҳбарияти корхонаҳои саноатию сехҳои дӯзандагӣ  тақозо  намуд,ки барои омода намудани либосҳо танҳо аз матои истеҳсоли  корхонаҳои ватанӣ истифода баранд. Дар ин замина таъкид гардид, ки бо назардошти имконияту иқтидори сехҳои дӯзандагӣ бобати қабули фармоишҳо аз шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин аз ҷониби сехи пойафзолбарории шаҳр чанд намуди пойафзоли талабаю толибаҳо аз маҳсулоти табии ватанӣ муаррифӣ карда шуд.
Вобаста ба синну сол ҳар як либоси мактабӣ аз 140 то 200 сомонӣ арзиш дошта, он барои мавсими баҳору тобистон ва зимистон дӯхта мешавад.
Зимни мулоқоти худ Шариф Шарифзода бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ супориш дод, ки тамоми либосҳои мактабиён бояд ҷавбгӯи талаботу меъёрҳои стандартӣ ва санитарию эпидемологӣ ва мутаносиби нахи табии бештар бошад.
Дар 48 муассисаҳои таълимӣ 34800 хонанда машғули таълим буда, ҳамасолав тибқи қарордоди Шӯрои волидайни ҳар як мактаб бо коргоҳҳои дӯзандагӣ ба хонандагон либоси ягонаи мактабиро медӯзанд.