(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кабули наздик 60 нафар шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳрТибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имрӯз рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода баргузор гардид.
Дар қабули шаҳрвандон ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти маҳаллӣ ва масъулини мақомоти давлатӣ ширкат намуданд.
Давоми рӯз наздики 60 нафар сокинони маркази вилоят барои ҳалли мушкилоти худ ба унвонии Раиси шаҳр муроҷиат намуданд.
Аз ин ҷумла вобаста ба мусоидат намудан ба таъмири манзили истиқоматӣ 18 нафар, гирифтани замини наздиҳавлигӣ 15 нафар, кӯмаки тибби ройгон 4 нафар, бо ҷойи кор таъмин намудан 2 нафар ва ғайра дархост намуданд. Вобаста ба масъалаҳои муроҷиатнамуда ва ҳалли саривақтии он, Шариф Шарифзода ба масъулин дахлдор дастуру супоришҳо дод.