(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Собиқадори ҷанг Иди Ғалабаро дар хонаи нав таҷлил мекунад.Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода дар доираи дастурусупоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боздиду хабаригии шахсони барӯманд ва Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷандро идома дод.
Бегоҳи рӯзи гузашта Шариф Шарифзода меҳмони хонадони духтури номӣ, саратоншинос Бахтиёр Ахмедов, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори 95 сола Мамадхон Эшонов ва Каримҷон Ахмедови 93 сола, омӯзгори собиқадор Наима Мӯъминова ва яке аз шахсиятҳои шинохта, собиқадори соҳаи сохтмон Анвар Қурбонов гардид.
Шахсони зикргардида иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳррро бо хушнудӣ  пазируфта, доири кору зиндагӣ ва шароити имрӯзаи худ ба меҳмонон нақл намуданд. Ҳангоми сӯҳбат Шариф Шарифзода аз хизматҳои арзандаи ин нафарони рӯзгордидаро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар таъкид намуда, изҳори боварӣ намуд ,ки мақомоти маҳаллӣ пайваста онҳоро дар сафи пеши фаъолон мебинад.
Ҳангоми мулоқот иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ  Каримҷон Ахмедов ва ҳамсари  ӯ собиқадори меҳнат Лидия  Ахмедова  аз Раиси шаҳр хоҳиш намуданд, ки барои ба анҷом расондани сохтмони хонаи навбунёдаш кӯмак расонад. Зеро бинобар маҳдуд будани имконияташ давоми чанд вақт аст, ки сохтмони як хонаи навро ба анҷом расонда наметавонад.
Шариф Шарифзода ба масъулини шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ супориш дод, ки корҳои сохтмонии хонаро то рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ ба анҷом расонда шавад.
Дар баробари ин Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки кору зиндагии Каримҷон ва Лидия Ахмедовҳо, ва таҷрибаи оиладории онҳо боиси ифтихори мардуми шаҳр аст.