(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аксияи умумиҷумҳуриявии

Санаи 3 апрели соли 2016 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Вазорати фарҳанг ва дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди туризми дохили Аксияи умумиҷумҳуриявии "Як рӯзи тамошои осорхонаҳо" дар саросари ҷумҳури баргузор гардид.
Аз он ҷумла дар шаҳри Хуҷанд низ барои тамоми хоҳишмандон ҷавонону калонсолон ва меҳмонони Хуҷандшаҳр имкони ройгон тамошо намудани осорхонаи таърихию фарҳанги ва хона музейҳоро доштанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар рӯзи баргузории аксия дар шаҳри Хуҷанд дар маҷмӯъ аз осорхонаи таърихию кишваршиносии вилоят, Хона музейи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, шоир Муҳиддин Аминзода ва Хона музейи Камоли Хуҷандиро зиёда аз 5 ҳазор сокинон ва меҳмонони шаҳр тамошо намуданд.