(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мураббиёни «Бадминтон» малакаи худро сайқал медиҳанд.Тибқи нақша- чорабиниҳои Федератсияи бадминтони Тоҷикистон аз санаи 30 юми март то 2 апрели соли 2016 дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд тренинги омӯзишӣ барои мураббиёни мактабҳои варзишӣ  ва муаллимони тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масъули Ташкилоти "Бадминтони Осиё" оид ба рушд - мурабии байналмиллалӣ Самбентан Сиваперумал ширкат намуд.
Дар маросими кушодашавии тренинги омӯзишӣ мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтёр Исматҷонов иштирок намуда, меҳмононро аз номи роҳбарияти шаҳр истиқбол намуд. Мақсади тренинг баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорату малакаи мураббиён ва муаллимони тарбияи ҷисмонӣ дар  намуди  варзишии  бадминтон буда иштирокдорон ҳамзамон байни худ мубодилаи таҷриба хоҳанд кард. Дар рӯзи ноҳоии ин семинарии омӯзишӣ ба иштирокчиён , сертификатҳои Ташкилоти варзишии "Бадминтони Осиё" ва ба муассисаҳои намояндаҳояшон дар чорабини ширкат намуда, лавозимоти варзишӣ барои тамрину баргузории чорабинӣ аз рӯи намуди бадминтон тӯҳфа карда мешавад.