(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд23 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд сокинони вилоят бо шукуҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.
Ҳадаф аз ин сафари корӣ шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.