(0 овоз, миёна 0 аз 5)


Наврӯз дар гузари «Қӯшҳавз»Дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд тантанаҳои наврӯзи ва чорабиниҳои идона идома дорад.
Бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар гузари «Қӯшҳавҳз»-и маҳаллаи ба номи Ҷ. Расулов Иди Наврӯз хушпай бо шаҳомату усули хоси маҳаллӣ таҷлил гардид.
Ба ин хурсандии наврӯзии яке аз гузарҳои қадимаи шаҳр Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати меҳмонони бародаршаҳри Хуҷанд, шаҳри Могилев аз Ҷумҳурии Белорус бо роҳбарии муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Могилев Александр Потемкин, шодишарик шуданд.
Сароғоз Раиси шаҳр меҳмононро бо ҳунарҳои халқӣ, суннат ва ойини наврӯзии мардуми тоҷик, ки аз ҷониби бошандагони маҳалла намоиш дода шуд, ошно намуд.

Ба меҳмонон ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ, оростани хони наврӯзӣ, таронаҳои мардумӣ ва гулбазми наврӯзӣ писанд омад.
Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд иштирокдорони ид сокинони маҳалларо бо иди аҷдодиамон табрик намуда, меҳмонони белорусро хайрамақдам гуфт.
«Имрӯз сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири рушди соҳибкорӣ ва амалӣ гаштани сиёсати «Дарҳои боз» имкони вусъати роҳандозии ҳамкории шаҳри Хуҷандро бо кишварҳои дигар бештар намудааст. Баъди ба имзо расидани созишномаи ҳамкории байнидавлатии кишварҳои мо аз ҷониби сарони ҳарду давлат, робитаи дӯстонаи шаҳрҳои Хуҷанд ва Могилев ба сатҳу сифати нав баромад. Ҳоло марҳила ба марҳила ва ҳамасола ҳамкории иқтисодии мо вусъат гирифта, аз дурнамои ин ҳамкорӣ мо боз ҳам умедҳои хеле зиёд дорем» таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Александр Потемкин барои пазироии самимӣ ва даъвати онҳо барои иштирок дар Иди Наврӯз аз номи ҳайати гурӯҳ изҳори сипосмандӣ намуд.
Ба ҳозирон ҳамчунин барномсаи ҷолиби адабӣ фарҳангӣ бо забонҳои тоҷикӣ–русӣ пешкаш гардид.