(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Наврӯз дар мактаб-интернатОмадани фасли зебои баҳор ва Наврӯзи хуҷастапайро аз ҳама бештар кӯдакон интизор мешаванд. Зеро ҷашни аҷдодӣ моро водор менамояд, ки хайру эҳсонкориро пеша намуда, дили дардмандеро шод намоем. Дар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд ҷашни Наврӯзи Аҷамро бо тантана ва шодию хурсандӣ таҷлил намуданд.
Дар чорабинии идонаи наврӯзии муассиса мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдураҳим Ҳикматов, сардори шуъбаи банақшагирии Идораи сохтмони асосии шаҳр Очилова Муҳаррам Яҳёевна, намоянда аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Ҷӯрабой Муродов, намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаммадсаид Ҳаитов иштирок намуда, муҳассилинро ба ҷашни фархундаи Наврӯз табрику таҳният гуфтанд. Бо ибтикори сарпарастони маҳаллӣ: Дастаи сайёри механиконидашудаи «Суғд», ҶДММ «Евростройсервис», ҶДММ «Хуҷандсохтмон 1» ва ҶДММ «Сомониён» барои хонандагони мактаб дастархони идона ташкил карда шуд. Барномаи адабию фарҳангии хонандагони мактаб-интернати ёрирасони шаҳр бо сурудҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун ба ҷамъомади наврӯзӣ ҳусни анҷом бахшид.