(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Наврӯз дар литсейи донишкадаи политехникӣДар литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ҷашни Наврӯзи Аҷам дар якҷоягӣ бо кумитаи маҳаллаи «Тути калон, раёсати донишкадаи политехникӣ ва падару модарон бошукӯҳ ва хотирмон таҷлил карда шуд.
Бо ибтикори кумитаи маҳалла ва раёсати донишкада тӯйи хатнасури ду фарзанди сокинони маҳалла: Мирзозайниддин ва Муҳммадюсуф гузаронида шуд.
Аз тарафи раёсати донишкада, хонандагони литсей ва кумитаи маҳалла ба кӯдакон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуд.
Аз тарафи хонандагони литсей барномаи адабию фарҳангии хотирмон намоиш дода шуд ва шодии кӯдакон ҳадду ҳудуд надошт.