(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр дар Иди Наврӯзи Хонаи пиронсолон иштирок намуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Шарипов барои табрикоти наврӯзии бошандагони хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд омаданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд қаблан аз ҳама ба шароити зист ва саломатии шахсони дар муассисаи иҷтимоӣ қарор дошта таваҷҷӯҳ намуда таъкид намуд, ки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат ва эътибори хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони ба парасторӣ ниёздошта мақомоти маҳаллиро вазифадор менамояд, ки ҳамеша шароиту зиндагии нафарони бепарастор монда зери назорати худ дошта бошанд.
Баъдан ба тамоми 57 нафар бошандагони ин муассиса тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуда, барои онҳо аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастурхони наврӯзӣ ороста шуд.
Ҳунармандону ҳаваскорони санъати шаҳр бошад ба чорабинии идона бо барномаи консертии ҷолиб шукӯҳи хоса бахшиданд.