(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти судманд дар мактаби №13Дар асоси накшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби масъулини Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таълимии маркази вилоят вохурию мулоқотҳои иттилоотӣ маърифатӣ доир менамоянд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ, ки аз намояндаи Шӯъбачаи пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунии байни ҷавонону ноболиғони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи маориф ва сармутахассиси комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдак Мадина Салимова иборатанд ин навбат бо омӯзгорону хонандагони мактаби миёнаи № 13 мулоқот намуданд.
Ҳайати корӣ бо хонандагон дар самти пешгирии падидаҳои номатлуб, ҷиноятсодиркунии ноболиғон, тарзи пӯшидани сару либос, пеширӣ  намудани онҳо аз фирефта шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ,  сӯҳбати судманд анҷом доданд. Дар баробари ин гурӯҳи корӣ фаъолияти мактабро доири иҷроиши нақшаи таълимӣ вобаста ба иҷроиши Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», сатҳи ҳамкории мактаб бо оилаи хонанда, кор бо кӯдакони душвортарбия ва оилаҳои ноустувор, ҷалби кӯдакони душвортарбия ба маҳфилҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ, давомоти хонандагон, тарзи либоспушии мактабиён мавриди санчиш карор дода, тавсияҳои худро медиҳад.
То имрӯз дар гурӯҳи кори номбурда дар 13 мактаби шаҳр чунин мулоқоту вохуриро доир намуда, то интиҳои соли хониш дар дигар макотиби шаҳр ин чорабинӣ баргузор хоҳад шуд.