(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали «Либосҳои миллӣ» баргузор мегардад.Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,ҳамчунин бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, рушди санъати алочабофӣ, гулдасту адрасбофӣ ва ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 18 феврали соли 2016, № 100 «Оид ба баргузории Фестивали вилоятии «Либосҳои миллӣ» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири моҳи апрели соли 2016 баргузор намудани  Фестивали шаҳрии «Либосҳои миллӣ» қарори дахлдор имзо намуд.
Тибқи ин қарор бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ин фестивал ҳайати кумитаи тадорукот, низомнома, нақшаи чорабиниҳо, хароҷот ва мукофотпулии Фестивал тасдиқ карда шудааст. Ҳамчунин шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, кор бо занон ва оила, агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахшҳои энергетика ва саноат, фарҳанг, ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр муваззаф гардидаанд, ки бобати тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ, истеҳсоли матоъҳои миллӣ, аз қабили атлас, адрас, беқасаб, алоча ва дигар матоъҳо тадбирҳо андешанд, Баргузории фестивал дар шаҳри Хуҷанд санаи 14 апрел соли равон пешбинӣ гаштааст.