(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Бозиҳои миллӣ» дар «Хуррамшаҳр»Дар маҷмаи фароғатию фарҳангии «Хуррамшаҳр» маркази вилоят рӯзи якшанбе озмуни «Бозиҳои миллӣ» байни муҳассилини мактабиёни вилоят баргузор гардид. Чуноне,ки барпокунандагнони ин озмун иброз медоранд мақсади ин чорабинӣ эҳё намудани бозиҳои миллии ниёгон, тарбия намудани хонандагону наврасон дар руҳияи эҳтироми мероси ниёгон ва ба истиқболи Иди Наврӯз аст.
Дар он тамоми муассисаҳои таълимии  шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат намуда аз рӯи 8 намуди бозҳои миллӣ аз қабили «Лалакпарронӣ», «Бодбаракпарронӣ», «Чиллакбозӣ» «Ланка», «Ошуқбозӣ», «Арғамчинбозӣ», «Лакпар», ва «Ҳаппак» маҳору малакаи худро намоиш доданд.
Теъдоди умумии иштирокдорон бештар 2 ҳазор нафарро ташкил дода, дар ҳар як намуди озмун ба ҳисоби миёна 150 нафарӣ номнавис шуданд. Чуноне, ки ҳайати кумитаи тадорукоти ин озмун иброз намуданд шумораи аз ҳама бештари хоҳишмандон дар намуди «Лалакпарронӣ» ба қайд гирифта шуд. Иштирокчиёни ин намуди мусобиқа бештар аз 500 нафарро ташкил медод. Ҳайати доварон аз омӯзгорони бо таҷриба аз макотиби вилоят ва Муассисаи  таҳсилоти иловагии шаҳру вилоят иборат буд.
Баъди анҷоми озмуни мактабиёни вилоят ба ғолибон тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати маорифи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд супорида шуд.