(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

300 рӯзи ободонӣ ва сабзкорӣ: Соҳили «Сирдарё» тоза карда шудКормандони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ташаббуси Раиси шаҳр Раҷаббой Каримовро оид ба 300 рӯзи ободонӣ ва сабзкорӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аксия бо номи «Тозагии соҳил-2013»  гузарониданд. Бо мақсади ҳифз намудани манбаъҳои об аз ифлосшавӣ толибилмони ду муассисаи таълимӣ ғайратмандона меҳнат карданд. Донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ соҳили чапи дарёи Сирро аз назди беморхонаи шараёни дил то кӯпруки кӯҳна ва толибилмони литсейи касбӣ-техникии №44 аз назди шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ то мавзеи маҳаллаи Раззоқро аз партовҳо тоза карданд. Дар он беш аз 100 нафар толибилмон иштирок намуда, 18 метри мукааб партовро ҷамъ оварданд.

Шанбеи гузашта бошад, дар асоси фармони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд корҳои ободонӣ идома ёфта, аз ҷониби роҳбарияти шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил - 2013» идома ёфт.

Дар он сокинони кумитаи маҳаллаҳои «Сари баландӣ», «1 май», «Раззоқ», «Масҷиди Сурх», «Сирдарё», донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акадекмик Б.Fафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд, литсейи политехникии №44, Коллеҷи тиббӣ, 300 рӯзи ободонӣ ва сабзкорӣ: Соҳили «Сирдарё» тоза карда шудкормандони беморхонаҳои шараёни дил, физотерапевтии ҷумҳуриявӣ, чойхонаҳои «Сирдарё», «Камоли Хуҷандӣ», «Аҳруллоако», «Баҳори  Аҷам», ҶДММ «Боғи Ирам», марказҳои савдои дар ду тарафи дарё ҷойдошта, Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ», нуқтаҳои обкашии КВДК «Хуҷандобуканал» фаъолона иштирок карда, 7200 метр масоҳати ду тарафи дарёро аз алафҳои бегонаю худрӯй ва партовҳои гуногун тоза карданд. Бо ташаббуси шӯъбаи ҳифзи муҳити зист беш аз 70 сотих масоҳати соҳили дарё аз алафҳои бегона (қамиш) тоза карда шуданд.

Умуман дар аксияи «Тозагии соҳил - 2013» беш аз 3000 нафар сокинон ғайратмандона меҳнат карданд.

Он рӯз аз соҳилҳои рӯди Сир 6-7 тонна партов ҷамъ оварда, ба партовгоҳ бурда шуд.