(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба Раиси шаҳр бештар аз 50 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд.Мувофиқи дастуру ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд «Рӯзи қабули шаҳрвандон» доир гардид.
Давоми рӯз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Аҳмадзода бештар аз 50 нафар сокинонро бо арзу шикоят ва дархостҳои мухталиф қабул намуд. Дар баробари шунидани арзи муроҷиаткунандагон Раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳалли сари вақтии онҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва масъулини дахлдор супориш дода, таъкид намуд, ки ҳар як муроҷиат бояд зери назорати бевоситаи муовинон-сарпарастони соҳа қарор дода шавад.
Ба Раҷаббой Аҳмадзода доири кӯмак барои сохтмони манзил 5 нафар, гирифтани замини наздиҳавлигӣ 8 нафар, расондани кӯмак барои таъмири манзили истиқоматӣ 9 нафар, гирифтани табобат ва барқарор намудани саломатӣ 2 нафар, мусоидат барои ташкили нуқтаи хизматрасонӣ ва савдо 3 нафар ва ғайра муроҷиат намуданд. Лозим ба қайд аст, ки бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти онҳо ҳафтае ду маротиба рӯзҳои Чаҳоршанбе ва Шанбе аз ҷониби Раиси  шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода «Рӯзи қабули шаҳрвандон» доир гашта он бо усули «Равзанаи ягона» сурат мегирад.