(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Гранти Раиси шаҳр барои дастгирии ҳунармандони ХуҷандҶиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ва амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 январи соли 2016, №45 «Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2016» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода «Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд» қарори дахлдор ба имзо расонд.

Мутобиқи он дар соли 2016 15 грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла 5 грант ҳар яке 5000 сомонӣ, 5 грант ҳар яке 3000 сомонӣ ва 5 грант ҳар яке 2000 сомонӣ, барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ муайян карда мешавад.
Грантҳо барои дастгирии ҳунармандон дар самти қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ барои ҷавонон, мӯҳрабофӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, қаннодӣ, косибӣ ва гулпарварӣ пешбинӣ гашта, тариқи озмун ба лоиҳаҳои беҳтарини пешниҳодшуда дода мешавад.
Маблағи умумии  грант    50 ҳазор сомонӣ  буда   он дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.