(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шанбегии умумишаҳрӣ сокинон дар ХуҷандДар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанди бостонӣ, сокинон аҳлона баҳри амалӣ гаштани тадбирҳои дар доираи «300 рӯзи ободонӣ», ки ба Бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гаштааст ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.
Бештар 28 ҳазор нафар кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, идораи хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ, саноту аҳолии маҳаллаҳо дар корҳои ободонӣ сабзкорӣ ва ба тартиб даровардани ниҳолу дарахтони кӯчаю хиёбонҳо саҳм гирифтанд.
Назар ба маълумоти ситоди шанбегии умумишаҳрӣ давоми рӯз ҳашарчиён ба ғайр аз ба тартиб даровардани мавзеҳои вобасташуда бештар аз 28 ҳазор ниҳолу дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ шинонда шуда, боз 5 ҳазор қаламчаю буттаи гули садбарг шинонда шуд.
Ҳамчунин бештар аз 70-80 тонна партов аз ҳудуди шаҳр бароварда шуда, ширкаткунандагони ин амали ободкорӣ давр тоза намудани роҳу ҷӯйбор низ фаъолона иштирок намуданд.