(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Беҳтаринҳо муайян гардиданд.Дар МТМУ №14 озмуни Академияи хурди илмҳо ҷамъбаст гардид. Ҳадафи асосии ин озмун пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, бедор ва такмил додани шавқу завқи донишомӯзӣ, сайқал додани малакаву маҳорати кор бо адабиёти илмӣ ва ҷалби хонандагони лаёқатманд, боистеъдод ба Академияи хурди илмҳо мебошад. Ба ҳайати кумитаи тадорукоти Академияи хурди илмҳо корҳои илмии хонандагоне, ки дар сессияи шаҳрӣ бо баҳои баланд сазовор гардидаанд, бо тақризҳои мукаммал пешниҳод карда шуданд.
Хонандагон аз рӯи шавқу завқ ва савияи донишашон маърӯзаҳои илмиашонро дар бахшҳои: забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, забони олмонӣ, таърих, ҳуқуқ, математика, физика-астрофизика, химия, биология, экология, технологияи информатсионӣ, тиб, иқтисодиёт, рӯзноманигорӣ, педагогика-психология ва ғайра пешниҳод намуданд. Ҳайати доварон корҳои илмии хонандагонро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, маърузаҳои беҳтиринро барои муҳокима ва ҳимоя тавсия намуданд. Дар асоси хулоса ва қарори ҳайати доварон ғолибон муайян карда шуданд.
Ҳайати доварон ҳангоми баҳогузорӣ асосан ба:
- мазмун ва мундариҷаи кори илмӣ;
- аҳамияти илмӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯй будани мавзӯъ;
- исботи тадқиқоти илмӣ;
- тақризи кори илмӣ аз тарафи олимон ва мутахасисони соҳа;
- адабиётҳо ва аёниятҳои истифодашуда;
- ороиши эстетикӣ эътибори ҷиддӣ дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар озмуни имсолаи Академияи хурди илмҳо 424 нафар ширкат варзиданд ва дар 20 бахш ғолибон шарафи шаҳри Хуҷандро дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуривӣ ҳимоя хоҳанд кард.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муродӣ Бурҳонзода зимни натиҷагирӣ аз озмуни мазкур аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода ғолибонро табрик намуд.
Баъдан Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муродӣ Бурҳонзода ва Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов ба ғолибон диплом, ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим намуданд.