(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи тирпарронӣ байни мактабиёни шаҳр.Бо мақсади иҷроиши супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Аҳмадзода доири тарғибу тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва нақшаи чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, санаҳои 24-25 феврали соли равон дар бошгоҳи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд мксобиқаи шаҳри оид ба тирпарронӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур аз 24 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр 48 нафар муҳассилин иштирок намуданд. Дар натиҷа байни ҷавонписарон:
Бакир Мамутов хонандаи Гимназияи № 13 ҷои якум, Манучеҳр Сайфиддинов хонандаи Мактаби хонандагони болаёқат ҷои дуюм Фарҳод  Пирназаров хонандаи МТМУ 14 ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Ин мусбиқа байни ҷавонондухтарон низ доир гашта, беҳтарин ҷавондухтарони тирзанро маълум намуд. Заррина Ахмедова хонандаи мактаби хусусии «Ирфон» соҳиби мақоми аввал гашт.
Заррина Атомуллоева хонандаи мактаби хусусии «Файз» ва Ширинова Рухшона хонандаи мактаби хусусии «Паймони Азизон» ҷойҳои дуюм ва сеюмро соҳиб гаштанд.
Ғолибони мусобиқа бо диплом медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида аз ҷониби масъулини Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шӯъбаи маорифи шаҳр супорида шуд.