(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шоҳмотбози беҳтарини Хуҷанд муайян гардид.Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чойхонаи Сирдарё»-и маркази вилоят мусобиқаи шаҳрӣ байни шоҳмотбозон доир гардид. Мақсади баргузории ин чорабиниро масъулини соҳа тарғиби бозии шоҳмот байни сокинон, баланд бардоштани маҳорати ҳавасмандони ин намуди бозӣ ва пойдории иртиботи доимӣ байни ҳаводорони бозии шоҳмот арзёбӣ намуданд.
Чорабиниро мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматоҷонов ифтитоҳ намуда,  паёми шодбошӣ ва табрикоти  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокдорони ин мусобиқаи интелектуалӣ расонд.
Дар мусобиқа 24 нафар шаҳрвандони синну соли гуногуни шаҳри Хуҷанд ширкат намуда, маҳорати шоҳмотбозии худро тибқи системаи «олимпӣ» намоиш доданд. Баъди  се даври мусобиқа ҷойи аввал  насиби Анвар Алиев, ҷойи дуюм насиби Ҳайдархон Бақоев ва ҷойи сеюм бошад насиби Маъруф Иномҷонов гардид.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд супорида шуд.