(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Гузоштани лавҳаи ёдгорӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими гузоштани лавҳаи ёдгории собиқадори соҳаи тандурустӣ, Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зикурулло Хоҷаев дар кӯчае, ки номи ӯро дорад, иштирок намуд.
Ба ин муносибат дар кӯчаи мазкур ҳамоиш бо ширкати аҳли маҳалла, зиёиён, собиқадорону кормандони соҳаи тиб масъулини давлатию ходимони ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуд. «Дар баромаду суханрониҳои Асосгузори Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр гардидааст, ки насли имрӯза дар назди дирӯзу фардои мардуми мо рисолати посдории анъанаҳои нек ва тарбия насли наврасро дар заминаи хизматҳои шоистаи фарзандони диёри худро дорад. Моро лозим аст, ки қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем ва дар чунин давраи таърихӣ аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошем.»
Баъдан дар назди ҳозирон шогирд ва ҳамкори Зикурулло Ҳоҷаев, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, сардухтури Беморхонаи саратоншиносӣ Бахтиёр Ахмедов, хоҳарзода ва шогирди шодравон нейрохирурги Беморхонаи №1-и шаҳри Хуҷанд Рашодхон Бақоев ва фарзанди Зикрулло Хоҷаев,- духтур - ларинголог Нафисахон Ҳоҷаева баромад намуда, аз хислатҳои неку фазилатҳои хотирмони касбию инсонии ин шахси барӯманд ёдовар шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии дӯстону пайвандон аз лавҳаи ёдгории Зикрулло Хоҷаев бардошта хотираи неки ӯро пос доштанд.
Ба хотири абадӣ гардондани номи ин табиби ҳозиқ дар асоси  банди 1-и қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 26 августи соли 1993, №435 номи кӯчаи Ленинградскийи шаҳри Хуҷанд ба номи Зикрулло Хоҷаев иваз гардида буд.
Зикрулло Хоҷаев 10 майи соли 1916 дар оилаи зиёии шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми Донишгоҳи Тиббии шаҳри Тошканд соли 1939 дар шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ҳамчун нерохирург ба кор шурӯъ мекунад. Соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки оғоз мегардад Зикрулло Порсоевич ҳамчун табиби ҷавон ба комиссариати харбӣ бо аризаи худ муроҷиат намуда дар муҳорибаи ҷангии Сталинград, Белград, Будапешт ва озод намудани Германия ширкат менамояд.
Барои қаҳрамониҳои ҷангӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хизматҳои шоиставу софдилонаи Хоҷаев Зикрулло бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», ордени «Ситораи Сурх», орден «Барои хизмат ба Ватан дар қувваҳои мусаллаҳи СССР» ва бо якчанд медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст.
Баъд аз анҷом ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ ба зодгоҳи худ баргашта касби худро идома медиҳад ва барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши худ соли 1950 ба шаҳри Маскав сафар намуда, ба донишгоҳи тиббии Бурденко дохил мегардад ва дар ин донишгоҳ соли 1955 сазовори номзади илмҳои тибб мегардад.
Аз соли 1957 то соли 1965 дар донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ба вазифаи ректори донишгоҳ фаъолият мебарад ва аввалин кафедраи нерахи -рургиро дар ин донишгоҳ ташкил медиҳад. Соли 1970 боз ба шаҳри Маскав сафар намуда рисолаи доктори илмҳои тиббро ҳимоя менамояд. Инчунин ӯ дар беморхонаи ҷумҳуриявии «Қароболо»-и шаҳри Душанбе аввалин шӯъбаи нерохирургиро ташкил намуда зиёда аз 1500 нафар беморонро табобат намудааст. То имрӯз шогирдони ӯ дар ин шӯъба, ки ба номи Хоҷаев Зикрулло номгузорӣ карда шудааст, фаъолият бурда истодаанд.
Зикрулло Хоҷаев дар синни 57 солагиаш соли 1973 вафот кардааст.