(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавонони Хуҷанд дар «300 Рӯзи ободонӣ» саҳм мегузоранд.Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанддар доираи Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон, таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Оид ба эълон гаштани «300 Рӯзи ободонӣ» бахшида ба пешвози 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаҳои давлатии мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳр ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 300 нафар кормандони бахш, мураббиён, варзишгарон ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дар ҳудуди муасисаҳо беш аз 400 бех ниҳолҳои сояафкану ороиши шинонида шуд. Иқдоми мазкур аз ҷониби Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзи шанбе идома дода мешавад.