(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мусобиқаи ҳарбӣ- варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан»Бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши донишу малакаи касбии онҳо дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ ва иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист дар шаҳри Хуҷанд  даври ниҳоии мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» дар варзишгоҳи «Спартак» баргузор гардид. Мусобиқа аз рӯи намудхои ҳаракатҳои сафи (гузаштан аз назди трибуна) иҷро кардани амалиётҳои сафгарди ҳамаи даста, давидан ба масофаи 100 метр, ҳаво додани норинчак ба масофа кашидани вазн, варзнбардорӣ (16кг) ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои автомат,тирҷойкуни ба тирдон, тирпаррони аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур 13 дастаи беҳтарин, зиёда аз 180 нафар ҷавонон аз ҳисоби хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо иштирок намуданд.
Дар натиҷа дар ҷои аввал дастаи Гимназияи №4, дар ҷои дуюм дастаи Гимназияи №13 ва дар ҷои сеюм бошад дастаи МТМУЩ «Мактаби Ирфон» қарор гирифтанд.
Ғолибон бо Ҷом, диплом ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.