(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти ҷавонон дар маҳаллаҳои шаҳр.Тибқи иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрои қарори ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз авали моҳи феврал мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида дар кумитаи маҳаллаҳои Қорираҳмат Қурбонов, Тути калон, Темурмалик, Содирхон Ҳофиз, Сари Баландӣ, Бофанда, 1-Май, Масҷиди Савр, Ҷаббор Расулов мулоқотҳо доир ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавиии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистию террористӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш баргузор гардиданд. Дар мулоқотҳои мазкур ҷавонон ва сокинони маҳаллаҳо иштирок намуда, масъулон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мутахассисони соҳаи варзиш баромад намуданд. Мулоқот то моҳи апрели соли 2016 идома дода мешаванд.