(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳр бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамдиёрони азиз!
Афсарону сарбозони гиромӣ!
Мӯҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрику муборакбод намуда, орзуманди онем, ки дар Ватани азизамон ҳамеша сулҳу амонӣ пойдор ва зиндагии тинҷу осуда насиби мардуми кишвар бошад.
Воқеан 23 феврали соли 1993 дар таърихи соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ саҳифаи тозае боз гардид.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 23 соли фаъолият рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз содиқона хидмат намуда истодаанд. Дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд.
Бо ғамхориҳои пайваста айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерӯи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо азму кўшишҳои назарраси Раиси вилоятамон, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ,  такмили фаъолияти қисмҳои низомии ҳудуди вилояту шаҳр, беҳтар гардонидани шароити зиндагии афсарону сарбозон солҳои охир дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Изҳори боварӣ мекунем, ки афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург мегузоранд.
Ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори бисту сеюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон рӯзгори осуда, ободии хонадон ва хизмати бобарорро ба нафъи халқу Ватан орзу менамоям.
Идатон муборак - ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!