(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сокинони шаҳри Хуҷанд дар шанбегӣ ва ниҳолшинонӣ фаъолона ширкат намудандБаробари наздикшавии мавсими баҳор дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ корҳои ободонию сабзкорӣ бахшида ба истиқболи 25 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза бо маром вусъат мегирад.
Бахшида ба оғози мавсими гулу ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузории намоиш-фурӯши гулу растанӣ, буттаҳои ороишӣ ниҳолу дарахтони сояафкану мевадиҳанда ба ҳукми анъана даромадааст.
Рӯзи шанбеи ҳафтаи равон дар майдони назди Театри мазҳака-мусиқии ба номи К Хуҷандӣ намоиш-фурӯши гулу ниҳол баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин намоиш-фурӯши маҳсулот дидан намуда, бо кормандони соҳаи кишоварзӣ, растанипарварон, гулпарварону деҳқонон ва мутахассисон-агротехнологҳо сӯҳбат намуданд.
Дар намоиш фурӯш тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва кишоварзону деҳқонон ширкат намуданд.
Дар ин рӯз беш аз як миллион ниҳолу дарахт, гулу бутта ва растаниҳои гуногуннавъ ба фурӯш гузошта шуд, ки сокинону меҳмонон имкон доштанд аз он харидорӣ намоянд.
Бо истифода аз имконият наздик 20 ҳазор шаҳрвандон, кормандони ташкилоту муассисаҳои мухталиф ва ҷавонону варзишгарон баробари иштирок дар шанбегии умумишаҳрӣ, барои ободу зебо гардондани шаҳр дар маъракаи гулу ниҳолшинонӣ ширкат намуда саҳми худро барои сабзу хуррам гардони шаҳр гузоштанд.
Дар ин рӯз аз ҷониби сокинон аз намоиш-фурӯши гулу ниҳол беш аз 10 ҳазор дарахтони мевадор харидорӣ намуда дар манзилу коргоҳхои шинонанд.
Дар баробари ин аз чониби кормандони идораю ташкилот ва коргоҳҳои зертобеи Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр наздик ду ҳазор ниҳолҳои сояафкан ва беш аз 10 ҳазор қаламчаю буттаи гули садбарг шинонда шуд.
Аз ҷониби кормандони Идораи нақлиёти махсуси партовкашонӣ бошад давоми рӯзи баргузории шанбегӣ беш аз 100 тонна партов аз ҳудуди шаҳр бароварда шуд.
Лозим ба кайд аст, ки дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода, дар маркази вилоят «300 рӯзи ободонӣ» эълон гашта, нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бахшида ба таҷлили санаҳои таърихӣ,- Иди Наврӯз, 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.