(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Аёдати шахсони эҳтиёҷманд ва ҳалли мушкилоти онҳо аз ҷониби Раиси шаҳри ХуҷандБо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 солагии таъсисёбии Артиши Миллӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз сокинони эҳтиёҷманд ва собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода қаблан ба хонаводаи Мирзоҳабиб Калонов падари Одилҷон Калонов, ки дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҳалок гаштааст, омад.
Мирзохабиб Калонов ҳангоми сӯҳбат ба давлату ҳукумат барои ғамхории ҳамаҷониба сипосмандӣ намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки айни замон барои таъмири манзили истиқоматиаш ниёз дорад. Раиси шаҳри Хуҷанд ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки барои дар рӯзҳои наздик аз таъмр баровардани манзили истиқоматии собиқадори меҳнат тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова сокини кӯчаи Эшони Шайдо Саидниссо Усмонова, сокинони кӯчаи Ҷ. Зокир Омина Баротова ва Фароғат Шарипова, сокини кӯчаи Роҳат Азимҷон Нурматов ва сокини кӯчаи Фирдавсӣ Бииззат Пӯлотоваро аёдат намуда, ба ҳамаи онҳо кӯмаки яквақтинаи моддӣ расонд.
Ҳамнгоми мулоқоту дидорбинӣ эҳтиёҷмандон Азимҷон Нурматов ва Фароғат Шарипова аз Раиси шаҳр барои шиферпӯш намудани боми манзилашон ҳамчунин Бииззат Пӯлотова бароигирифтани мулоҷиаи ройгон дар беморхона кӯмак дархост намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода ба нафарони дархостнамуда таъкид намуд, ки даррӯзҳои наздиктарин ин мушкилоти онҳо ҳалли худро хоҳад ёфт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваста нисбати шаҳрвандони имконияташон маҳдуд, собиқадорони меҳнат, қишри ниёзманди аҳолӣ таваҷҷӯҳу ғамхорӣ зоҳир менамояд.