(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили Иди Артиши Миллӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Бахшида ба 23 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3501 чорабинии идона баргузор гардид.
Бо максади таҷлили ин санаи таърихӣ ва Иди Артиши Миллӣ дар саҳни майдони машқҳои қаторӣ ҳамоиши ботантанаи афсарону сарбозон ва хизматчиёни ин қисми низомӣ доир гардид.
Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ваҳҳобзода Баҳодур Барот иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро бо идашон табрик намуд.
«Маҳз бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвоми миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши миллӣ қодир аст дар ҳифзи манфиату амнияти миллату давлати соҳибистиқлоламон бошад ва ҳаёти осоиштагии мардуми кишварро таъмин намояд. Мардуми мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун ба неруи тавоно ва таъмингари ҳаёти осоиштаи худ эътимоди қавӣ дорад.» зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд дар баромади табрикотии худ.
Яке аз қисматҳои чорабинии идона ин намоиши омодагии ҳарбии сарбозону афсарон, муҳорибаи тан ба тан ва гурӯҳӣ буд, ки аз ҷониби хизматчиён бо маҳорати баланди ҳарбӣ пешкаши ҳозирон гардид,
Сипас зери оҳанги ҳарбии мутантан Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ваҳҳобзода Баҳодур Барот ба 14 нафар афсарону сарбозон Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд, ба 38 нафар рутбаи навбатии ҳарбӣ, ба 20 нафар Ифтихорномаи фармондеҳи қисми низомии 3501-ро супориданд. Ҳамчунин ба волидайни 8 нафар сарбоз барои хизмати шоиста ва масъулияти баландӣ хизмати ҳарбӣ «Раҳматнома»-и фармондеҳи қисми низомӣ  супорида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин чорабинӣ ҳамчунин хонандагони синфҳои 11-и макотиби шаҳр низ  иштирок намуда, барномаи чорабинии мазкур тамошо намуданд.
Барои хизматичиёни ҳарбии ин кисми низомӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастурхони идона ороста шуда, барномаи консертии гурӯҳхои ҳунарии назди Бахши фарҳанги шаҳр пешкаш карда шуд.