(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altБо мақсади ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти тағийру иловаҳои пешбинигашта ба Конститутсияи Тоҷикистон дар Хуҷанд силсиламулоқоту вохуриҳои гурӯҳи корӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома дорад.
Дирӯз чунин як вохӯрӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова, директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Бурҳонзода ширкат доштанд.
Вохӯриро муовини раиси шаҳр Умеда Бурҳонзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Гулбаҳор Турсунова зимни баромадаш қайд кард, ки Паёми навбатӣ давоми мантиқии Паёмҳои қаблӣ буда, дар он рушди иқтисодиёти кишвар дар динамикаи таъмин ва инкишофи се ҳадафи асосии кишвар роҳандозӣ гардидааст. Яъне, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ ва аз амнияти озуқаворӣ ба дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат гузаштан мебошад.
Номбурда дар бораи паҳлӯҳои асосии тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда маълумоти мушаххас дода, қайд кард, ки  тағйиру иловаҳо барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи ҳифзи онҳо нигаронида шудаанд. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин зикр гардид, ки бештари тағйиру иловаҳо хусусияти таҳрири забонӣ доранд, зеро бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ баъзе истилоҳу ибораҳо иваз ва мукаммал карда шуданд.
Дар баромади Файзулло Баротзода қайд шуд, ки ҷавонони мо бояд огоҳона ба ин ё он ҳодисаҳо баҳо диҳанд ва мавқеи худро муайян намоянд. Он ҳодисаҳое, ки имрӯз дар мамлакатҳои Сурия, Ироқ ва Яман рух дода, кори бозингарони давлатҳои абарқудрат аст ва он размандагон худ намедонанд, ки аз ин амалашон чӣ манфиате хоҳанд гирифт. Бинобар ин таълиму тадрисро тавре ба роҳ монем, ки ҷавонон ҳамзамон дар баробари азхуднамудани донишҳои дунявӣ, ҳамчунин зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Саодат Аминҷонова зимни баромади хеш аз мавқеи устувори давлат ҷиҳати дастгирии соҳаи маориф ва тандурустӣ сухан карда, омӯзиши технологияи навинро ҳатмӣ донист ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар самти худомӯзӣ фаъол бошанд.
Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова дар фарҷом қайд кард, ки нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат сармашқи кори ҷомеаи меҳнатии донишкада буда, боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таълим аз мақсадҳои ниҳоии аҳли заҳмати донишкада маҳсуб мешавад.
Донишҷӯён Маърифат Мавлонова ва Рафиқҷон Юсупов аз номи донишҷӯён ваъда доданд, ки бо донишу рафтори намунавӣ обрӯ ва манзалати донишкадаро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Бо ҳамин чорабинӣ анҷом ёфт.