(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи ба номи Ҷ. РасуловБо максади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҳкими робитаи шаҳрвандон бо мақомоти маҳаллӣ мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони маҳаллаҳои маркази вилоят доир мегардад.
Имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода дар мактаби таҳсилоти умумии № 5 бо сокинони маҳаллаи ба номи «Ҷаббор Расулов» мулоқот намуд.
Қаблан Раиси шаҳри Хуҷанд узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода доири масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва зарурату аҳамияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия суханронӣ намуд.
Дар Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён шуданд. Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки бо қарори Маҷлиси намоян-дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли равон раъйпурсии умумихалқӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, рӯзи баргузории ин чорабинии сиёсӣ 22 майи соли равон муайян шудааст.
Бо туфайли сиёсати созанда ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо ба марҳилаи рушду нумӯи бесобиқа ва устувор дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат шарафёб гардида, ин таҳав-вулоти наҷиб ва назарраси таърихи навтарини кишвари азизамон ҳамчунин беш аз пеш дар симои маданӣ ва замонавӣ касб намудани  шаҳру шаҳр-дории муосир ба назар мерасад. Бо боварии том метавон зикр намуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бо дарки баланди масъулият дар назди халқу Ватан ҳар як нуктаи Паёми Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти созандаи хеш қарор дода, дар ин самт ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегарданд.
Тағйирёбии босурати вазъи ҷаҳони муосир, муноқишаҳои тезу тунди сиёсӣ, бӯҳрони моли-явию иқтисодӣ ва афзун гардидани хатару таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои террористиву экстремистӣ дар бисёре аз кишварҳои олам тақозо мена-моянд, ки ҳар як давлат бо мақсади ҳифз ва таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, манфиатҳои милливу давлатӣ, мустаҳкамиву ободии ояндаи Ватан, рушди устувору бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва муҳайё намудани шароити муносиб барои некӯҳ-аҳолии шаҳрвандон тадбирҳо андешанд.
Аз ин рӯ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт саъюу талош карда истодааст. Амалӣ намудани ин мақсад ба воситаи қавӣ гардонидани заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷомеа, такмил додани қонунгузорӣ вобаста ба талаботи замон имкон медиҳад, ки танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, тарти-боти ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар заминаи сулҳу суботи ҷомеа таъмин карда шавад.
Тағйирот ҳамчунин возеҳу равшан нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушаххас намудани салоҳияти сохторҳои давлатӣ, ҷалби ҷавонон дар идораи давлат, масъалаҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъ-олияти иттиҳодияҳои ҷамъияӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, талабот нисбат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷл-иси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, аъзои Ҳукумат, судяҳо ва тартиби тафсири Конститутсия-ро фаро мегирад.
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, пеш аз ҳама ба нақши созандагӣ ва фаъолияти пурсамару ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият бахшида, аз тамоми қишрҳои ҷомеа ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ масъулияти баланди давлат-дориро тақозо медиҳад. Ба ҳамин мақсад тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, мазмуну муҳтавои Конститут-сияро такмилу тақвият бахшида, заминаҳои ҳуқуқии онро боз ҳам беҳтару хубтар мегардонанд.
Бинобар ин аз ҳамаи Шумо, масъулин ва иштирокдорон ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки оиди ин масъала корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар маҳаллаҳои шаҳр пурзӯр намуда, дар раъйпурсии умуми-халқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки рӯзи 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро муайян намоем.
Баъдан чанде аз сокинони маҳалла барои мусоидату кӯмаки бевосита дар самти ободонии маҳалла, асфалтпӯш гардидани кӯчаю тангкӯчаҳои маҳалла, деворбандӣ намудани мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 26 сипосмандии аҳли маҳалларо расонданд.
Ҳамчунин бештар аз 10 нафар сокинон  ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири расондани кӯмак барои таъмири намои биноҳои дар хиёбони баноми И. Сомонӣ буда ва ҷӯйбори он, асфалтпӯш намудани саҳни мактаби таҳсилоти умумии № 11 ва ғайра муроҷиат намуда дархост намуданд.
Лозим ба ёдоварист,ки чунин мулоқотиРаиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаҳои шаҳр тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳафтае як маротиба,- рӯзҳои ҷумъа баргузор мегардад.