(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни хонандагони эҷодкору ҳунарманд дар мактаби № 26Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли фарди солим” тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабии маркази вилоят баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ фарҳангӣ озмуну намоишҳои мухталиф пешбинӣ гаштааст. Чунин як чорабинӣ-озмун дар мактаби таҳсилоти умумии № 26 бо унвони муассисавии “Кадбонуи беҳтарини соли 2016” гузаронида шуд. Дар озмун аъзоёни фаъоли маҳфилҳои ҳунармандӣ ва эҷодии хонандагони мактаби номбурда баргузор гардид.
Дар озмун хонандагони синфҳои 9-ум ва 10-ум ширкат намуда, маҳорату ҳунармандии худро аз рӯи шартҳои тоза ва реза кардани сабзавот, буридани угро, бастани тушбера, баромадан аз ҳолатҳои ногувор,ҳисоботи эҷодӣ ва намоиши либосҳои миллӣ пешкаши ҳозирон ва ҳакамон намуданд.
Мақсади гузаронидани озмунро омӯзгорону роҳбарияти мактаб эҳё кардани анъанаҳои миллӣ, тарбияи хонандагон дар руҳияи маънавӣ, ахлоқи зебопарастӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ, омода намудан ба рӯзғордорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, дарёфт кардани истеъдодҳои нав, сайқал додани маҳорати касбии шогирдон, баланд бардоштани маърифатнокӣ, ташкил кардани тарзи ҳаёти солим ва эмин будан аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб дар байни шогирдон арзёбӣ менамоянд.
Барои ҳамаҷониба омода гаштан ва пешниҳод намудани ҳунару истеъдоди иштирокдорон-хонандагони озмун саҳми роҳбарияти мактаби таҳсилоти умумии № 26, ҳамчунин омӯзгорон Муҳайёхон Каримова, Рафоат Шарипова назаррас буда, иштирокдорони ин озмун бо кӯмаки омӯзгорони худ омодагии ҳамаҷониба диданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон Аз тарафи аъзои ҳакамон ғолиби озмуни мактабиён, “Кадбонуи беҳтарини соли 2016” хонандаи синфи 11 Аҳмадова Мунзифахон дониста шуд.
Лозим ба қайд аст, ки дар ин муассисаи таълимӣ маҳфилҳои рӯзгордорӣ, кешбофӣ, габилен ва гилембофӣ, рассомӣ, варзишӣ, инчунин маҳфилҳои фаннӣ ба монанди омӯзиши забони англисӣ, забони русӣ, технологияи компютерӣ низ амал менамоянд.