(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

«Даҳаи синфҳои ибтидоӣ» дар шаҳри Хуҷанд.Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар моҳи феврал «Даҳаи синфҳои ибтидоӣ» гузаронида шуд. Аз рӯи иҷроиши дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Барномаи такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» байни хонандагон синфҳои 3 ва 4 озмуни «Беҳтарин донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ» гузаронида шуд. Дар ҷамъбасти «Даҳаи синфҳои ибтидоӣ» аз рӯи панҷ шарт озмун гузаронида шуд. Шартҳои мазкур иборат аз Муаррифнома, ифоданок хондани шеър, хониши ифоданоки матни додашуда, посух оид ба таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва оиди имлои грамматикаи забонҳои русӣ ва англисӣ буданд. Дар рафти озмун шаш нафарӣ хонандагони синфҳои 3-4 аз забонҳои русӣ ва англисӣ қувваозмоӣ намуданд. Ҳар як довталаб мекӯшид, ки бо маҳорати баланд шартҳои озмунро аз ҳарифонаш беҳтару хубтар иҷро намояд ва ба саволҳо посухҳои пурраву саҳеҳ баргардонида даст боло шавад.
Аз байни хонандагони синфи 3 аз фанни забони русӣ Қутбиддинӣ Миҷгона , Собитов Олимҷон аз забони англисӣ Амонов Амир, Масобирова Назира ба гирифтани унвони «Беҳтарин донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ» ва лентаи фахрӣ ноил гардиданд. Иштирокчиёни фаъоли озмуни «Беҳтарин донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ», Валиева Наргис, Шокиров Абдуҳамид, Авезова Маниҷа , Ҷалилова Маниҷа, Азимҷонова Сарвиноз, Алиева Дилноза, Мамадҷонова Мавлуда, Юнусова Мадҳия бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Аз шуъбаи маориф намояндагон Ботурова Мадина, Шаҳидова Марҳамат иштирок намуда ба рафти озмун ҳамчун аъзоёни ҳакамон баҳогузорӣ намуданд.
Барои дар сатҳи баланд гузаштани ин чорабинӣ саҳми омӯзгорони пуртаҷрибаи фанҳои забони русӣ ва англисӣ Махкамова Темурой, Ғафурова Ҳуснӣ, Ҳоҷиева Раънохон ва омӯзгорони ҷавону умедбахш Қодирова Баҳринисо, Расулова Бисаида, Мироватова Фарзона назаррас мебошад.