(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Намоиш- фурӯши маҳсулот ду рӯз идома ёфт.Бобати таъмини сокинони маркази вилоят бо маводи хӯрока бо нарххои дастрас рӯзҳои истироҳат дар маркази шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввала баргузор мегардад,ки он на танҳо рӯзи шанбе балки минбаъд рӯзҳои якшанбе низ идома хоҳад ёфт.
Ин тадбир бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгири табақи эҳтиёҷманди аҳолӣ роҳандозӣ мегардад.
Давоми рӯзхои шанбе ва якшанбе кишоварзони ноҳияҳои вилояти Суғд дар ин намоиш махсулоти гуногунро аз қабили гӯшту равған, сабзию картошка, шалғам,  биринҷ, меваю сабзавот ва дигар маводи ғаллагию полезиро бо нархҳои то 25-30 фоиз арзон нисбати бозорҳои шаҳр ба бошандагони Хуҷанд пешкаш намуданд. Хоҳишмандон аз кишоварзону деҳқонон имкон доштанд сабзиро бо 60-70 дирам, картошкаро бо нархи 1с 20 1 с 50 дирам, гӯштро 25-27 сомонӣ харидорӣ намоянд. Чуноне,ки қаблан иттилоъ дода будем барои зиёд намудани теъдоди боз ҳам бештари номгӯи маҳсулот ва таъмини сокинон ба маводи истеҳсоли ватанӣ бо нархҳои боз ҳам арзонтар, бо супориши Раиси шаҳриХуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода корхонаҳои шаҳр,ки ба истеҳсоли маводи хӯрока машғуланд дар ин намоиш фурӯш низ ширкат намуда маҳсулоти худро манзури харидорон менамоянд. Ин тадбир имкон дод,ки харидорон аз намояндагон-фурӯшандагони ин коргоҳҳо маводи дилхоҳашонро бо сифат ва бо нархи арзон харидорӣ намоянд.
Лозим ба қайд аст,ки баргузории ин намоиш фурӯш барои дар як низоми муайян нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзии ниёзи аввала, бахусус гӯшт дар шаҳри Хуҷанд шароит фароҳам оварда, баҳри захира намудани ин номгӯи маҳсулот барои фасли зимистон аз ҷониби қишри нисбатан ниёзманди аҳолӣ мусоидат намояд.