(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи «Раззоқ» бо сокинон мулоқот намуд. Бо максади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати таҳкими иртиботи сокинон бо мақомати маҳаллӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода давоми се моҳи минбаъда дар 22 маҳаллахои шаҳр бо сокинон мулоқот анҷом хоҳад дод. Нахустин мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мактаби таҳсилоти умумии № 27,ки дар маҳаллаи «Раззоқ» воқеъ аст баргузор гардид.
Дар он бештар аз 100 нафар сокинони маҳаллаи номбурда ҷамъ омада бо Раҷаббой Аҳмадзода сӯҳбати бевосита намуданд. Дар оғози ин вохӯрӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳозирон доири натиҷаҳои соли сипаригашта ва нақшаҳои мақомоти маҳаллӣ дар соли равон маълумот дода таъкид дошт, ки бо ибтикору заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, чаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ба натиҷаҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳо ноил мегардад.
Танҳо дар маҳаллаи мазкур кӯчаҳои ба номи Шариф Раҷабов 1300 метр, ба номи акдемик Раҷабовҳо 800 метр, ба номи А Раҳимбоев 500 метр, баноми А Мавлонбеков 300 метр ва Р Набиев 200 метр пурра мумфарш гардида, барои соли равон нақшаи идомаи таъмири кӯчаҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Ҳамчунин Раиси шаҳр дар мавриди идома додани корҳои ободонии кӯчаю гузарҳои маҳалла ва мумфаршкунии онҳо дар соли равон зикр намуда, таъкид намуд,ки соли равон дар ду кӯчаи маҳаллаи «Раззоқ»,- кӯчаҳои истиклол ва ба номи Аҳмад Аминов ба масофаи 1800 метр корҳои мумфаршкунӣ идома дода хоҳад шуд.
Сокинон ба Раиси шаҳри Хуҷанд дар мавриди зиёд намудани иқтидори истгоҳи барқии маҳалла, дар кӯчаҳои дигари маҳалла, идома додани корҳои мумфаршкунӣ ва мусоидат намудан ба ҳалли чанде дигар масъалаҳо дархост намуданд.
Ҳамчунин гурӯҳи сокинони маҳалла ба Раиси шаҳри Хуҷанд барои аз таъмири хушсифат баровардани чойхонаи маҳалла «Сари санг» ва таъмини он бо ҷиҳозу ашёи лозима изҳори сипомандӣ намуданд. Дар баробари ин онҳо барои иҷрои дархости қаблан ба унвони Раиси шаҳр намудаи худ бобати ҷудо намудани замин барои ташкили дӯкони таъмири пойафзол, сартарошхона, дорухона ва ба мувозинаи кумитаи маҳалла баргардондани чойхонаи «Сари санг» изҳори сипосмандӣ намуда, барои ғамхории ҳамешагӣ ба давлату ҳукумат миннатдории сокинони ин маҳаллаи қадимаи шаҳрро баён сохтанд.