(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ширкати Раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳамоиши ҷанговарони байналмиллал. Ҳамасола санаи 14 феврал дар қаламрави кишвар чун рӯзи баровардани Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз давлати Афғонистон қайд карда мешавад.
Маҳз ҳамин сана соли 1988 охирон сарбози шӯравӣ хоки кишвари Афғонистонро тарк гуфта, ҳамзамон ба таърихи иштироки кӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги дохилии ин кишвар нуқта гузошт.
Ба мақсади поси хотири шаҳидону қурбониёни ин набард субҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ғалаба»-и маркази вилоят  ҳамоиши сокинону фаъолон,собиқадорони ҷангу меҳнат ҷанговарони байналмиллал, зиёиён, аҳли илму адаб, роҳбарони муассисаҳои таълимии олӣ, миёна ва миёнаи махсус, роҳбарияти консулгарии Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии  Қазоқистон ва Федератсияи Россия дар маркази вилоят баргузор гардид. Зери оҳанги ҳарбӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамроҳии ҷанговарони байналмиллал ва собиқадорони ҷангу меҳнат зери маҷмаи ёдгорӣ ба хотири афсарону сарбозони дар кишвари Афғонистон қурбонгашта, гулу гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи ин шаҳидонро ёдоварӣ намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот ба ҷанговарони байналмиллал барои иштироки фаъолона ва саҳмашон дар дарсҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ,ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар макотиби шаҳр доир мегардад, изҳори сипос намуд ва таъкид намуд,ки саҳми ҷанговарони байналмиллал дар тарбияи ватандӯстию хештаншиносии ҷавонони имрӯза ва насли наврас арзанда аст.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд давоми соли равон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ғалаба» корҳои ободонӣ ва ҷароғонкунию гулзоркунӣ идома ёфта, бунёди маҷмаи ёдгорӣ ба хотири нафарони ҳалокгашта дар садамаи Чернобил бунёд ёфта, ба истифода додани чойхона пешбинӣ гаштааст.
Раиси Шӯрои ҷанговарони байналмилали вилояти Суғд Комилҷон Содиқов барои дастгирию таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба нисбати иштирокдорони ҷанги Афғонистон ба давлату ҳукумат сипосмандии аъзоёни шӯроро расонд.
Лозим ба ёдоварист,ки дар шаҳри Хуҷанд имрӯз аъзоёни Шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистонро 420 нафар ташкил медиҳанд.