(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қадршиносии ҷавонон: Идрорпулии Раиси шаҳр супорида шудҚадршиносии ҷавонон: Идрорпулии Раиси шаҳр супорида шудБо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳо дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов «Дар бораи таъсис додани идрорпулии Раиси шаҳри Хуҷанд барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, донишҷӯёни коллеҷу мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд дар солҳои хониши 2012-2013» тантанаи супоридани идрорпулӣ сурат гирифт. Идрорпулӣ ба ҷавононе супорида шуд, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуданд.

Ба ин муносибат дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомади устодону толибилмони мактабҳои миёна ва олӣ доир гардид. Қадршиносии ҷавонон: Идрорпулии Раиси шаҳр супорида шудРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов сароғоз дар бобати ғамхориву дастгирии ҷавонон аз ҷониби Президенти кишвар, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят, мeҳтарам Қоҳир Расулзода ибрози назар намуд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 50 нафар ҷавонони фаъол, қобилиятнок ва бомаърифат идрорпулии Раиси шаҳр эҳдо гардид. Бахусус, тибқи низомнома ба 36 нафар хонандагони мактабҳои миёна ба ҳар яке ба андозаи 50 сомонӣ барои ҳар моҳ (ҷамъ, барои 9 моҳ  450 сомонӣ), ба 7 нафар толибилмони коллеҷу литсейҳо ба андозаи 70 сомонӣ Қадршиносии ҷавонон: Идрорпулии Раиси шаҳр супорида шудбарои ҳар моҳ ва ба 7 нафар донишҷeёни донишгоҳу донишкадаҳо ба андозаи 80 сомонӣ барои ҳар моҳ супорида шуд.

Боиси зикр аст, ки имсол гирандагони идрорпулии Раиси шаҳри Хуҷанд ба 50 нафар расид, ки ин нисбат ба соли гузашта ба 10 нафар зиёд аст. Маблағи идрор низ ба андозаи 40 фоиз афзудааст.