(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хонандагон дар қисми низомии №03377Бо мақсади иҷроиши дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бобати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳавасмандии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, комиссириати ҳарбӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд нақшаи муштараки ҳамкориро роҳандозӣ намуда, дар қисмҳои низомӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор менамоянд.
Чунин як чорабинӣ дар қисми низомии 03377 доир гашта, сӯҳбату мулоқоти сарбозон бо ҷавонписарон доир карда шуд. Як гӯруҳ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хужанд аз мактабҳои №7, 14, 8, 10 бо ҳаёту хизмати афсарону сарбозони қисми ҳарбии №03377 шинос гаштанд. Ҷавонписарони мактабҳо аз ҷойи хоби сарбозон, ошхона, китобхона, варзишгоҳи қисми ҳарбӣ дидан карда, бо афсарону сарбозон ҳамсуҳбат гашта, ба саволҳи хеш посух гирифтанд.